Саида Умарзода: «Дар Тоҷикистон сатҳи қадпастӣ, камвазнӣ ва камхунӣ миёни модарону кӯдакон коҳиш меёбад»

Март 12, 2020 14:44

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат ва шарикон оид ба рушд тайи 8 соли охир сатҳи қадпастӣ, камвазнӣ ва камхунӣ дар байни кӯдакон ва занони синни қобили таваллуд дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Ин нуктаро муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода семинаре, ки 11 март дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Сармоягузориҳои таъсирбахш баҳри дастёбӣ ба натиҷаҳои оптималӣ оид ба ғизо»  доир гардид, баён  дошт.

Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ доир шуд. Дар он муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ Дар Тоҷикистон Олтерс Ян-Петер, сардори шуъбаи тандурустии ЮНИСЕФ Ҷоб-Ҷонсон Бриҷет ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

«Соли 2017 тибқи тадқиқоти тиббии демографӣ муайян гардид, ки сатҳи қадпастӣ ва камвазнӣ коҳиш меёбад. Ин аз таъсири мусбати сиёсати самарабахши давлат ба саломатии модару кӯдак гувоҳӣ медиҳад. Вале ин моро қонеъ карда наметавонад. Бояд мо дар якҷоягӣ тамоми қувваро ба он равона намоем, ки нишондиҳандаҳо боз ҳам коҳиш ёфта, солимии мардум, хусусан модару кӯдак дар ҷумҳурӣ беҳтар гардад. Зеро яке аз сабабҳои беморӣ ва фавти кӯдакон- ин норасоии микроэлементҳо, бахусус  витаминҳо ва минералҳо мебошад»,-  таъкид намуд Саида Умарзода.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» таъмини ғизо аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат маҳсуб мешавад. Ғизо дар таъмини маҳсулнокии меҳнат, зиндагии босифат ва дарозумрии инсон низ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидани тадбирҳои самарабахш оид ба беҳтар намудани вазъи истеъмоли ғизо байни кӯдакону модарон мебошад.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур беҳтар намудани  сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, ҷалби шарикони рушд ва маблағгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таъмини устувории тамоюли пастшавии нишондодҳои беморшавӣ ва фавти модарону кӯдакон мебошад.

Март 12, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд