Санаи бозиҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 маълум гардид
ДУШАНБЕ,04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D» ду даста аз Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Ин бозӣ 11 март, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои футболи «Истиқлол» -и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой» -и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ 11 март шурӯъ мешаванд.
Тавре қаблан хабар додем, дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро ба муқобили дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуд.
Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони «Хуҷанд» самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисоб боз шуд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи футболи «Нефтчӣ» хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигар ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 ворид кард.
Ҷоми АFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 33, 107, 117
«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Аҳмадов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрони Мирзонаҷот, 77), Абдулмуъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров (к).
«Нефтчӣ» (Қочқор-Ота, Қирғизистон): Михаил Паюш, Азамат Абдуллоев, Арген Жуматаев (Хидиралиев, 99), Азамат Омуралиев, Элдар Молдожунусов, Усон уулу Эсенбек (Умаров, 57), Кайрат Изаков (Иминов, 115), Алмазбек Маликов (к), Манас Карипов, Александр Игнатенко, Амир Шарифӣ.
Огоҳӣ гирифтанд: Абдулмуъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).
Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
Нозири доварон: Окада Масайоши (Ҷопон).
Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллоев (Узбекистон).
26-уми феврал. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.
Бозии аввал — 0:1.
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
11-уми март (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
Даври 2-юм
15-уми апрел (чоршанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 3-юм
29-уми апрел (чоршанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 4-ум
13-уми май (чоршанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 5-ум
27-уми май (чоршанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
17-уми июн (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)








Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид






