«ШИНОСОӢ БО ТОҶИКИСТОН — МАМЛАКАТИ АФСОНАВӢ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Хабаровскии Россия барномаи фарҳангӣ доир шуд

Март 21, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар Маркази барқароршавӣ ва офиятбахшии кӯдакон дар Осоишгоҳи «Амурский»-и шаҳри Хабаровски  Федератсияи Россия   бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур», ки роҳбарии онро бонуи фаъолу шинохтаи тоҷик Моҳтоб Ғафурова ба зимма дорад, барои кӯдакони  бемор маҳфили идонаи наврӯзӣ   бо номи «Шиносоӣ бо Тоҷикистон — мамлакати афсонавӣ» баргузор гардид.

Тавре  хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ин осоишгоҳ фарзандони миллатҳои гунонуни шаҳри Хабаровск табобат меёбанд.

               Дар маҳфили идона баъди пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи ҷашни байналмилалии Наврӯз, кӯдакон  тариқи навори видеоӣ  бо Парчаму Нишон ва дигар арзишҳои миллии Тоҷикистон, табиати зебову нотакрор, расму оин ва  таъриху фарҳанги бои мардуми тоҷик шинос  шуданд.

Маҳфил барои кӯдакону устодонашон  хеле ҳам шавқовар буд ва онҳо ба саволҳояшон оид ба Тоҷикистон ва урфу одати мардумонаш  посух  гирифтанд. Масъулин барои кӯдакони ин осоишгоҳ  дастурхони идона бо хӯрокҳои миллии тоҷикона ороста, ба онҳо рақсу суруд ва шеърҳои тоҷикӣ манзур намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» дар кишвари Хабаровск дар тамоми минтақаи Шарқи Дур бо иқдому ташаббусҳои созанда, баргузории  чорабиниҳои сатҳи баланди давлатию миллӣ маъруф мебошад.

Роҳбари ин ҷамъият Моҳтоб Ғафурова тавонистааст дар як муддати кӯтоҳ бо пайваста ташкил намудани барномаҳои  фарҳангию омӯзишӣ, маҳфили шеъру сухани воло ва пешниҳоди хӯрокҳои миллии мардуми тоҷик халқияту миллатҳои  минтақаи  Хабаровскро бо расму оин, таърихи  рангину куҳани  миллати тоҷик шинос ва ба ин восита таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистони ҳамешабаҳор боз ҳам бештар ҷалб  намояд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории маҳфилҳои гуногуни идона ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» дар минтақаҳои дигари  Хабаровск идома меёбанд. Тоҷикони бурунмарзӣ  дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барномаю маҳфилҳои идона роҳандозӣ намуда, ҳамзамон дигар халқияту миллатҳоро бо расму оинҳои миллии мардуми тоҷик шинос менамоянд.

Март 21, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид