Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 10 ва дар Қазоқистон ба 27 нафар расид

Март 17, 2020 14:33

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ба қайд гирифтани 2 ҳолати дигари сироятёбӣ аз коронавирус дар Ӯзбекистон, 14 ҳолат дар Қазоқистон ва 3 ҳолат дар Озарбойҷон шумораи гирифторони беморӣ дар ин давлатҳо мутаносибан ба 10, 27 ва 28 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон 8 нафар, дар Қазоқистон — 13 ва дар Озарбойҷон 25 нафар буд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати субҳи 17 март дар Россия 93 ҳолати сиротяёбӣ аз коронавирус, дар Арманистон — 52, дар Беларус — 36, дар Молдова — 29 ва дар Украина 7 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ имрӯз як ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо дар ин кишвар ба 22 нафар расид.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Март 17, 2020 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон