Шурӯъ аз субҳи 20 март баргузории ибодатҳои дастаҷамъона дар масҷидҳои мамлакат ба роҳ монда мешавад

Март 19, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз субҳи 20 март баргузории ибодатҳои дастаҷамъона дар масҷидҳои мамлакат ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, иҷозаи мазкур баъди анҷом додани корҳои профилактикӣ дар иттиҳодияҳои динии мамлакат дода шудааст.

«Аз ҳамаи сокинони мамлакат эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан Covid-19 зимни баргузории намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои умумии беҳдоштӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд», — омадааст дар иттилоияи Кумита.

Зимнан, 4 март раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома дар сомонаи расмии худ аз мардуми мамлакат даъват ба амал оварда буд, то аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ намоянд.

Раёсати Шӯрои уламо дар муроҷиатномаи  худ гуфта буд, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки нисбат ба чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба масъалаи таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Март 19, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид