Суҳбати телефонии Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазири Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 март суҳбати телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо ташаббуси он ҷониб сурат гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаро, ки дар доираи сиёсати дурбинонаи сарони ду давлат ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳангоми суҳбат зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии интиқоли коронавируси нав (COVID-19) ва таъмини амнияту солимии ҷомеа рафтуомади шаҳрвандон, ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва нақлиёти шахсӣ, ба истиснои автомобилҳои боркаш, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан қатъ мешавад.
Акс аз бойгонӣ








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






