Суғд: Имрӯз дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маъракаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ оғоз гардид
ХУҶАНД, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март, аз субҳи барвақт-соати 06:00 дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии ҷумҳуриявӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ҷараён гирифт.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Суғд, субҳи барвақт дар яке аз участкаҳои шаҳрии интихоботии №51- ҳавзаи интихоботии №37, воқеъ дар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар сокинони маҳаллаи Тиллокон ҳозир гардида, дар ин маърака фаъолона ширкат намуданд.
Аз ҷумла, яке аз чунин нафарон- донишҷӯи соли аввали бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Меҳрангез Дадабоева мебошад, ки моҳи феврали имсол ба синни 18 расида, имрӯз бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуд. Вай бо масъулияти баланд ва ифтихор аз соҳибистиқлолии мамлакат яке аз аввалинҳо шуда, ба участкаи интихоботӣ ҳозир гардид ва раъйи худро ба номзадони арзанда дод.
Ҳамзамон мувофиқи маълумоти раиси участкаи зерин Солихон Бобохонов, дар участкаи интихоботии №51 барои фаъолияти ҳайати комиссияи интихоботӣ ва баргузории ин маърака тамоми шароит фароҳам оварда шуда, дар маҷмӯъ, дар он 2903 нафар ба рӯйхат гирифта шудаанд. Аз ин шумора 210 нафар шаҳрвандони 18-сола мебошанд, ки бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок доранд.
Инчунин дар ҷараёни интихобот 8 нафар беморон ва шахсони барҷомонда тавассути гурӯҳи сайёр аёдат карда шуда, онҳо низ дар раъйдиҳӣ иштирок менамоянд.
Мувофиқи маълумоти раёсати омори шаҳри Хуҷанд, шумораи овоздиҳандагони эҳтимолӣ дар баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар участкаҳои интихоботӣ 103 392 нафарро ташкил дода, аз он беш аз дуввуним ҳазор нафар дар чунин маъракаи сиёсӣ бори аввал ширкат мекунанд.
Имрӯз баҳри баргузории интихоботи ҷумҳуриявӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд, дар маҷмӯъ, 40 ҳавза ва 64 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд, ки ҳоло дар ҳамаи онҳо раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ хуб ҷараён дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






