Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад
ФАЙЗОБОД, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси сайёри судӣ нисбат ба сокини Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Суннат Гулов ба муносибати аз таваллудхона баровардани набераҳои навзодаш баргузор намудани маъракаи калон ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба 2750 сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ёрдамчии раиси Суди Файзобод Наврӯз Зоирзода гуфт, ки Суннат Гулов бар хилофи талаботи қисми 3-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба муносибати аз таваллудхона рухсат шудани тифлони навзоди духтараш Фархунда Гулова ва келинаш Асалмо Шоева дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Мулотуғмаи ноҳия бо даъвати меҳмонон ва иштироки васеи хешу ҳамсоягонаш маросими калон баргузор намудааст. Кормандони Прократура ва бахши танзими ноҳия ин қонуншиканиро ошкор намуда, Суди ноҳияи Файзобод барои дарси ибрат гирифтани ҳамсоягону дигар сокинони ҷамоат ин парвандаро дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ намуд.
Судя барои бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи Суннат Гулов, инчунин бо назардошти ҷойи кор надоштану дар таъминоташ будани 16 нафар аъзои оила ва доштани кӯдаки маъюби ноболиғ бо талаботи моддаи 48, қисми 5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ ҷазои ҷаримаи пасттар аз раводиди моддаи 481, қисми 1 Кодекси мазкур таъйин намуд.
Суннат Гулов дар маҷлиси сайёри судӣ пушаймонии худро изҳор намуда, аз сокинон даъват кард, ки аз баргузор намудани чунин маъракаҳои зиддиқонунӣ худдорӣ ва маблағҳояшонро барои беҳбуди зиндагии фарзандонашон сарф намоянд.








Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд






