Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад

Март 11, 2020 15:31

ФАЙЗОБОД, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси сайёри судӣ  нисбат ба сокини Ҷамоати деҳоти Ҷавонон  Суннат Гулов  ба муносибати аз  таваллудхона  баровардани набераҳои навзодаш  баргузор намудани маъракаи калон ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба 2750 сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ёрдамчии раиси Суди Файзобод Наврӯз Зоирзода гуфт, ки Суннат Гулов  бар хилофи талаботи қисми 3-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба муносибати аз таваллудхона рухсат шудани тифлони навзоди духтараш Фархунда Гулова ва келинаш Асалмо Шоева дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Мулотуғмаи ноҳия бо даъвати меҳмонон ва иштироки васеи хешу ҳамсоягонаш маросими калон баргузор намудааст.  Кормандони  Прократура ва бахши танзими ноҳия ин қонуншиканиро ошкор намуда, Суди ноҳияи Файзобод барои дарси ибрат гирифтани ҳамсоягону дигар сокинони ҷамоат ин парвандаро дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ намуд.

Судя барои бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи Суннат Гулов, инчунин бо назардошти ҷойи кор надоштану дар таъминоташ будани 16 нафар аъзои оила ва доштани кӯдаки маъюби ноболиғ бо талаботи моддаи 48, қисми 5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ ҷазои ҷаримаи пасттар аз раводиди моддаи 481, қисми 1 Кодекси мазкур таъйин намуд.

Суннат Гулов дар маҷлиси сайёри судӣ пушаймонии худро изҳор намуда, аз сокинон даъват кард, ки аз баргузор намудани  чунин маъракаҳои зиддиқонунӣ худдорӣ ва маблағҳояшонро барои беҳбуди зиндагии фарзандонашон сарф намоянд.

Март 11, 2020 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид