СУТ: шумораи сироятёфтагони коронавирус дар тамоми ҷаҳон ба 90 000 расидааст
ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷаҳон ба 90 000 расидааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Гебрейесус изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба “Kyodo news”.
«Айни ҳол дар ҷаҳон 90 893 ҳолати сироят бо вируси COVID-19 ва 3110 ҳолати фавти одамон ба қайд гирифта шудааст»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори генералии СУТ.
Аз 1848 ҳолате, ки берун аз қаламрави Чин ба қайд гирифта шудааст, дар 48 соати охир ҳаштод фоизи он ба се кишвар рост меояд, ки инҳо Эрон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд.
Роҳбари СУТ ҳамчунин гуфт, ки охири моҳи январи соли гузашта суръати афзоиши сирояти коронавирус дар Чин хеле паст буд.
Рӯзи душанбе Гебрейесус ба афзоиши бемориҳои коронавируси марговар — COVID-19 ишора намуда, эпидемияи онро дар Эрон, Италия, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ «мушкили бузургтарин» номид.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






