Табибони чинӣ хатои аврупоиҳоро зимни табобати коронавирус гуфтанд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Bloomberg» хабар додааст, ки табибони пешбари чинӣ хатои асосии ҳамкорони аврупоии худро аз хуб муҳофизат накардани кормандони тиб аз коронавирус мешуморанд.
«Ҳамкасбони аврупоии мо давоми кори ҳаррӯзаи худ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ин таносуби онҳо ба ҳолате, ки дар Ухан буд, хеле монанд аст. Мо бояд кормандони тиббии худро муҳофизат кунем”,- иқтибос овардааст агентӣ суханони профессори Коллеҷи муттаҳидаи тиббии Пекин Ву Донгро.
Зикр мешавад, ки якбора баланд шудани шумораи сироятёфтагон дар байни кормандони соҳаи тиб дар бисёре аз бузургтарин мамлакатҳои Ғарб мушоҳида мешавад.
Дар Ухан аз сабаби ба таври кофӣ ҳимоя карда натавонистани пизишкон ва ҳамшираҳои шафқат ҳазорон кормандони соҳаи тандурустӣ сироят ёфта, ҳадди ақалл 46 нафари онҳо фавтиданд. Ҳамзамон духтурон пайхас карданд, ки баръакси SARS, ки хуруҷи он соли 2003 рух дода буд, баъзе аз беморони мубталои коронавирус ягон аломати ин бемориро ҳис намекунанд ва танҳо интиқолдиҳанда ҳастанд.
«Ман намедонам, ки чӣ гуна шумо ҳолатҳои шубҳанокро муайян карда метавонед ва алоқаҳои наздики онҳоро чӣ гуна ҳифз мекунед, агар шумо озмоишҳои шахсӣ нагузаронед»,- гуфт Ду Бин, директори бахши эҳёгарии Коллеҷи муштараки тиббии Пекин.
Коронавирус COVID-19 дар музофоти Ухани Чин пайдо шуд ва пас аз чанд моҳ ба миқёси пандемия расид. Тибқи маълумоти охирин, ба он дар зиёда аз 140 давлат беш аз 182 ҳазор нафар мубтало гаштаанд: 7415 бемор фавтиданд ва 79,6 ҳазор нафар шифо ёфтанд. Дар айни замон Аврупо маркази эпидемияи паҳншуда мебошад.
АКС: © РИА Новости / Алессандро Рота








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






