Табибони чинӣ хатои аврупоиҳоро зимни табобати коронавирус гуфтанд

Март 19, 2020 12:36

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Bloomberg» хабар додааст, ки табибони пешбари чинӣ хатои асосии ҳамкорони аврупоии худро аз хуб муҳофизат накардани кормандони тиб аз коронавирус мешуморанд.

«Ҳамкасбони аврупоии мо давоми кори ҳаррӯзаи худ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ин таносуби онҳо ба ҳолате, ки дар Ухан буд, хеле монанд аст. Мо бояд кормандони тиббии худро муҳофизат кунем”,- иқтибос овардааст агентӣ суханони  профессори Коллеҷи муттаҳидаи  тиббии Пекин Ву Донгро.

Зикр мешавад, ки якбора баланд шудани шумораи сироятёфтагон дар байни кормандони соҳаи тиб дар бисёре аз бузургтарин  мамлакатҳои Ғарб мушоҳида мешавад.

Дар Ухан аз сабаби ба таври кофӣ ҳимоя карда натавонистани пизишкон ва ҳамшираҳои шафқат ҳазорон кормандони соҳаи тандурустӣ сироят ёфта, ҳадди ақалл 46 нафари онҳо фавтиданд. Ҳамзамон духтурон пайхас карданд, ки баръакси SARS, ки хуруҷи он  соли 2003 рух дода буд, баъзе аз беморони мубталои коронавирус ягон аломати ин бемориро ҳис намекунанд ва танҳо интиқолдиҳанда ҳастанд.

«Ман намедонам, ки чӣ гуна шумо ҳолатҳои шубҳанокро муайян карда метавонед ва алоқаҳои наздики онҳоро чӣ гуна ҳифз мекунед, агар шумо озмоишҳои шахсӣ нагузаронед»,- гуфт Ду Бин, директори бахши эҳёгарии Коллеҷи муштараки тиббии Пекин.

Коронавирус COVID-19 дар музофоти Ухани Чин пайдо шуд ва пас аз чанд моҳ ба миқёси пандемия расид. Тибқи маълумоти охирин, ба он дар зиёда аз 140 давлат беш аз 182 ҳазор нафар мубтало гаштаанд: 7415 бемор фавтиданд ва 79,6 ҳазор нафар шифо ёфтанд. Дар айни замон Аврупо маркази эпидемияи паҳншуда мебошад.

 АКС: © РИА Новости / Алессандро Рота

 

Март 19, 2020 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд