Танзимгари идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо гирифтани пора ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ба даст афтод
ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти танзимгари идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли 2020 шаҳрванд «А» дар вазифаи мазкур кор карда, дар якҷоягӣ бо шаҳрванд «Б» ба боварии шаҳрванд «В» даромада, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб намудаанд.
Гуфта мешавад, ки 16 январ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ мавсуф баъди гирифтани 40 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Оид ба ин ҳолат,- иттилоъ додааст Агентӣ, нисбат ба шаҳрвандон «А» ва «Б» бо моддаи 247 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид






