ТАСС: Додгоҳи Ростови лаби Дон шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҷалби одамон ба сафи ДИ* ба 6 соли зиндон маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Суди ҳарбии ҳавзаи ҷануби Федератсияи Россия шаҳрванди Тоҷикистон Сайёдшоҳ Убайдовро, ки дар Адигея зиндагӣ мекунад, барои мусоидат ба фаъолияти террористӣ ба 6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Тавре ТАСС менависад, дар ин бора рӯзи душанбе хадамоти матбуоти додгоҳ ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
«Убайдов айбдор дониста шуд ва ӯ ба 6 соли зиндон дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум гардид», — омадааст дар иттилоия.
Хадамоти матбуоти додгоҳ тазаккур дод, ки Убайдов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи қисми 1-и моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия («Мусоидат ба фаъолияти террористӣ») ва ду ҷиноят мутобиқи моддаи 322.3-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия («Бақайдгирии қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар ҷои истиқомат дар Федератсияи Россия») айбдор дониста шуд.
Додгоҳ муайян кардааст, ки аз охири моҳи июли соли 2016 то октябри соли 2017 Убайдови 36-сола кӯшиш кардааст, ки шиносаш — шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба созмони байналмилалии террористии ба ном Давлати Исломӣ (ДИ)* ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия моил кунонад. Илова бар ин, Убайдов аз рӯи созиш бо ду шаҳрванди Тоҷикистон онҳоро бар ивази подош ба таври қалбакӣ дар хонаи истиқоматии худ дар Адигея бидуни пешниҳоди ҷои зист сабти ном кардааст.
Бино ба иттилои «Кавказский узел», тибқи маълумоти тафтишот, айбдоршаванда шаҳрванди Тоҷикистон Ҷамшед Усмон Ализодаро барои иштирок дар низоъҳои Сурия дар сафи террористон моил намудааст. Убайдов инчунин борҳо бо Ализода суҳбатҳо анҷом дода, фаъолияти ин созмонро сафед кардааст. Ӯ ҳамчунин Ализодаро ба дурустии амалияи фаъолияти он бовар кунонида, даъват намудааст, ки дар фаъолияти ин созмон ширкат кунад.
Ӯ бо айбдоркунии бақайдгирии қалбакӣ гунаҳкор дониста шуд, аммо бинобар гузаштани муҳлати даъво аз ҷазо озод гардид.
______________________________________________
* Созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Россия
АКС аз «Кавказский узел»








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






