Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои осоишта аз Чин, ИМА ва Россия пеш гузашт

Март 3, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар рейтинги Индекси ҷаҳонии сулҳ, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ (The Institute for Economics and Peace) таҳия намудааст, 12 зина боло рафт. Кишвари мо дар байни 163 кишвар ҷои 105-умро ишғол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ, ки  вазъи 163 кишварро, ки дар ҳудуди онҳо  99,7% аҳолии ҷаҳон умр ба сар мебаранд, таҳлил мекунад, гузориши солонаи худро бо номи «Индекси ҷаҳонии сулҳ» (Global Peace Index 2019) нашр намуд. Он баҳодиҳии вазъи кишварҳоро аз рӯи чунин меъёрҳо, ба мисли амният,  суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, сатҳи терроризм, зӯроварии полис, иштироки кишвар дар амалиёти ҷангӣ, содироти силоҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва сатҳи ваҳдати иҷтимоӣ дар бар мегирад.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон (ҷои 64)  соҳиби нишондиҳандаи беҳтарин ва Туркманистон (ҷои 115-ум)  соҳиби нишондиҳандаи пасттарин   арзёбӣ  шудаанд.

Тавре интизор мерафт, дар ҷаҳон ҷои аз ҳама охиринро Афғонистон (ҷои 163-ум) ва ҷойи аввалро Исландия ишғол кардааст.

Бояд  тозаккур дод, ки Тоҷикистон аз рӯи нишондоди худ  аз чунин давлатҳо, ба мисли Чин (ҷои 110), Арманистон (118), ИМА (128), Арабистони Саудӣ (129), Озарбойҷон (130), Эрон (139), Ҳиндустон (141), Исроил (146), Украина (150), Туркия (152), Покистон (153) ва Русия (154) пеш гузаштааст.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи миёнаи сулҳ дар ҷаҳон соли 2019 каме беҳтар шудааст. Нишондиҳандаи миёна 0,09 фоиз афзудааст ва беҳтаршавии мавқеъ дар 86 кишвар, аз Ҷумлда дар Тоҷикистон  ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ —  ниҳоди  ҷаҳонии таҳлилӣ буда, марказаш дар Сидней (Австралия) ҷойгузин ва  дафтарҳои намояндагиаш дар  шаҳрҳои Ню-Йорк (ИМА), Мехико (Мексика) ва Гаага (Нидерландия)  мустақар мебошанд. Пажӯҳишгоҳ   бо як қатор марказҳои таҳлилӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти Аспен, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ, Институти байналмилалии сулҳ, Бунёди Ҷамъияти Кушода ва Коллеҷи шоҳигарии Лондон ҳамкорӣ менамояд. Инчунин бо ташкилотҳои байниҳукуматӣ, ба мисли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), ЮНИСЕФ, НАТО, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари дастгирии сулҳи СММ ҳамкорӣ мекунад.

Март 3, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид