ҲУҚУҚИ ХУДРО БОЯД ДОНИСТ. Ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бахшида мешавад

Март 15, 2020 08:26

ДУШАНБЕ, 15.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин рӯз нишони он аст, ки  дар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қадамҳои боэътимод гузошта мешаванд.

Ҳар як давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли  дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидории ашёи  пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад. Бо ин мақсад  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст.

Агентии «Тоҷикстандарт» яке аз сохторҳои назоратии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ба зиммааш масъулияти бузург-ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии шаҳрвандон вогузор шудааст. Ин ниҳод фаъолияти худро дар асоси татбиқи як зумра қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Корманди «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров иброз намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии мазкур дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад ва дар доираи салоҳият Агентӣ ҷиҳати татбиқи ин қонун фаъолияти соҳаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагон  бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳо тақвият дода шудаанд.

«Аз ҷумла, дар ин самт мо дар бозору нуқтаҳои савдо бо истеҳсолкунандагону фурӯшандагон вохӯриҳои зиёде гузаронидем, ҳамчунин дар доираи татбиқи қонуни мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО ва ҳамчунин маҷаллаи соҳавии «Стандарт ва сифат» ба истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагон ба роҳ монда шудааст».

Як иқдоми нави Агентӣ ин аст, ки суроғаи расмӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook-fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram- www.Instagram.com/standard.tj фаъол гардид. Тариқи ин шабакаҳои интернетӣ истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд. Тӯли фаъолияти ин сомонаҳо садҳо истеъмолкунандагон ба Агентӣ оид ба паст будани сифати маҳсулот ё баҳсу мунозира бо фурӯшандаҳо ва оид ба ҳуқуқҳои истеъмолии худ ба мо муроҷиат мекунанд.

Инчунин тариқи хаттӣ низ аризаҳои шикоятии истеъмолкунандагон бо чунин мазмунҳо ба Агентӣ ворид шудаанд. Масалан, соли гузашта 165 аризаи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин баррасӣ шуда, ҳалли худро ёфтанд. Инчунин соли 2019 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони Агентӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2013 тонна маҳсулоти хӯроквории ба талабот ҷавобгӯ набуда ба қайд гирифта шудааст, ки як қисми он  аз рӯи сифат ва бехатарӣ, қисми дигараш аз рӯи тамғагузорӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар ин замина ҷиҳати риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инчунин риоя накардани қоидаҳои савдо дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ ба миқдори зиёда аз 2 миллион сомонӣ нисбат ба субъктҳои хоҷагидор,  ки ба қонунвайронкунӣ роҳ доданд, ҷаримаҳо таъйин карда шуданд.

М. Ашӯров ба суоли он ки дар кадом ҳолат маҳсулоти фурӯхташуда баргардонида мешавад, ҷавоб дод, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли харидоришударо то муҳлати 14 рӯзи тақвимӣ баргардонад. Албатта, дар ҳолате, ки агар харидор аз фурӯшанда расид талаб кунад. Ҳамчунин фурӯшанда кафолати моли истеҳсолшударо бояд пешниҳод кунад, зеро ҳолатҳое мешавад, ки  масалан, баъди шикастан ё вайрон шудан молро бозпас мегардонанд, албатта, ин ҳолатҳо истисно мебошанд. Аммо агар дар вақти харид худи маҳсулот нуқсон дошта бошад ё баъдтар пайдо шуд, истеъмолкунанда метавонад моли харидаро бозпас гардонад.

Бо истифода аз фурсат,- мегӯяд Мурод Ашӯров,- ба истеъмолкунандагон расонданием,  ки ҳангоми харид кардани молу маҳсулот ба санаи истеҳсол, ҳолати нигоҳдориву намуди зоҳирии он  таваҷҷуҳ кунанд.  Дар ҳолати мушоҳида кардани камбудии маҳсулот аз фурӯшанда  сертификати мутобиқати сифат талаб намоянд.

Сокини шаҳри Душанбе Тоҳир Нуруллозода зимни суҳбат гуфт, ки вай аз ҳуқуқҳои худ бохабар мебошад. «Ман ҳамеша пеш аз харид намудани ҳама гуна маҳсулоти хӯрокӣ аввал ба сана ва сифати он диққати махсус медиҳам. Аз ин рӯ, боре нашудааст, ки маҳсулоти сифаташ паст харидорӣ ва пасон онро ба фурӯшанда баргардонида бошам».

Бояд гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори чандин давлатҳои пешрафтаи дунё,  узви  комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)  буда, тибқи талаботи ин созмон, истеҳсолкунандагони ватанӣ дар талоши онанд, ки  молу маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда,  Тоҷикистонро бо маҳсулоти хушсифату ба талаботи  бозори ҷаҳонӣ  ҷавобгӯ муаррифӣ намоянд.

Набояд фаромӯш кард, ки  ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми олам ҳимоя карда мешавад. Дар ин радиф,  мутахассисони  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -«Тоҷикстандарт»  дар ҳамкорӣ бо дигар  мақомоти назоратӣ фаъолияти худро пурзӯр намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Март 15, 2020 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд