«Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ-пояи устувори истиқлолият»: ҳамоиш дар ДМТ
ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият бузургтарин неъмат барои ҳар миллат буда, омили озодӣ, хушбахтӣ ва саодати миллат ба ҳисоб меравад. Ин неъмати гаронарзиш ба ивази қурбониҳои зиёд, хисороти моливу ҷонӣ ба даст омада, барои аҳли маърифат, хусусан олимон, файласуфон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, фарҳангиён, рӯҳониён, зиёиён ва қишрҳои дигари ҷомеа, ҳимоя аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ қарзи имониву виҷдонӣ мебошад. Ин нукта 13 март зимни баргузории суҳбати “мизи гирд”-и ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ-пояи устувори истиқлолият» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) баён гардид.
Дар ҷамъомади мазкур, ки бо ташаббуси кафедраи «Онтология ва назарияи маърифат»-и факултети фалсафаи ДМТ доир гардид, таъкид шуд, ки миллати тоҷик баъди давлатдории Сомониён дубора дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби давлати миллӣ гардид. Зикр шуд, ки масъалаи ҳувияти миллӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ яке аз ҳадафҳои олитарини ҷустуҷӯҳои фалсафӣ буда, ҳанӯз дар таълимоти Зардушт, Суқрот, Гегел, Фуко ва дигар олимон мушоҳида гардидааст.
Ба андешаи маърӯзачиён, ҳувияти миллӣ он эҳсосест, ки қавму қабилаҳо ва халқияту миллатҳои мухталифро дар як сарзамин бо ҳам пайванд ва дар раванди такомул қарор медиҳад. Он ҳамчун бунёди рӯҳ ва равони шаҳрвандони як давлат мебошад, ки ба марҳилаи миллат расидааст.
Дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ-пояи устувори истиқлолият», «Ватандӯстӣ дар осори мутафаккирони гузаштаи тоҷик», «Худшиносӣ-заминаи ифтихори миллӣ», «Асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ», «Аҳамияти ҳувияти миллӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» ва «Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ» маърӯза намуда, паҳлӯҳои гуногуни мафҳуми худшиносӣ ва ифтихори миллиро аз ҷиҳати илмӣ баррасӣ намуданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






