«Вазъи зани тоҷик то ибтидои қарни 20» — таҳти ин ном дар Китобхонаи миллӣ конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Вазъи зани тоҷик то ибтидои қарни 20» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки «занони тоҷик аз қадим дар баробари мардон барои ободии хонадон ва ҷомеа нақши бориз доранд. Зеро занони бомарифату бунёдкор дар ҳаёти ҷомеа чун ситораи тобон дурахшанда, роҳи инсониятро ба сӯи инкишофу камолот равшан кардаанд».
Дар кори конференсия 70 нафар даъватшудагон, аз ҷумла намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода оид ба нақши занон дар пешбурди сиёсати Сарвари давлат ва нақши онҳо дар масири таърих сухан гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки «таърихи халқи куҳанбунёду ҷавонбахти тоҷик занони бисёреро медонад, ки баробари ба вуҷуд овардани бузургмардони сиёсату давлат ва илму адаб либоси мардонагӣ ба бар карда, баҳри озодиву истиқлолияти миллату давлат ҷонбозиҳо намуданд».
Ҳамчунин Раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи косибонии Осиёи Миёна Мукаррама Қаюмова оид ба либосҳои занони қарни 20 маърӯза намуда, намудҳои гуногуни либосҳои офаридаашро ба намоиш гузошт.
Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсули эҷоди бонувони ҳунарманд, аз қабили чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва тарҳи либосҳои гуногуни бонувони қарни 20-ум пешниҳод гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлолият ва дар партави ғамхориҳои Сарвари давлат мақому манзалати занону модарони тоҷик ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид.
Имрӯз бо шарофати озодию истиқлоли Ватани маҳбубамон занону хоҳарон ва модарони арҷманди мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баробари мардон заҳмат кашида, бо мақсади таҳкими иқтидору тавоноӣ ва обрӯю манзалати баланди байналмилалии мамлакат зафармандона саъю талош менамоянд.
Саҳми бонувону модарон махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад.










Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






