Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода бо Сафири Япония дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Март 13, 2020 10:02

ДУШАНБЕ, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита иброз намуд, ки нисбат ба забон ва фарҳанги тоҷик шавқи зиёд дорад. Ин нуктаро ӯ 12 март зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баён дошт.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр шуд, ки муаррифии фарҳанги тоҷик ба халқи Японияю шиносонидани мардуми Тоҷикистон бо фарҳанги Япония ва баргузории барномаҳои гуногун ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангӣ мусоидат менамоянд.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфт, ки Тоҷикистону Япония ҳамкории хуби фарҳангӣ ба роҳ монда, минбаъд барои тақвияти он кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти байналмилалии худ сиёсати  «дарҳои боз»-ро интихоб намуда, равобити хешро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд медиҳад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 2018 зимни мулоқот бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи Сукубаи Япония иброз намуданд, «имрӯз кишвари дӯсти Япония, ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кард, дар сафи шарикони наздику боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ қарор дорад. Аз рӯзи оғоз ёфтани муносибатҳои дипломатӣ мамлакатҳои мо ҷаҳду талоши худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мунтазам ҳамоҳанг месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Япония шарики муҳимро мебинад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкории пойдору дарозмуҳлатро рушд диҳад».

Саҳми Япония дар татбиқи амалии бисёр лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон баланд арзёбӣ мегардад.

Март 13, 2020 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст