Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозатдиҳӣ барои корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо сирояти зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, қатъ намуд

Март 4, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Ситоди дохилиидоравии доимоамалкунандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, бахусус дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил шуда, барои муваққатан манъ кардани додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан аз сафарҳои хизматии кормандон ба давлатҳои хориҷие, ки сатҳи мубталошавӣ ба ин вирус зиёд мебошад, тасмим гирифта шуд.

Инчунин риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ дар ҷойҳои корӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, талаб намудани маълумотномаи тиббӣ зимни дастрас гардидани иҷозати корӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 2 март дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотиву маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус  Ситоди дохилиидоравии доимоамалкунанда таъсис дода шуд.

Роҳбарии ситодро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ба уҳда дорад. Ҳамчунин муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ аъзои он мебошанд.

Ситоди мазкур бо мақсади иҷрои супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки  28-29 феврали соли ҷорӣ доир гардида буданд, роҳандозӣ шуда, аз ҷониби роҳбари Ситод ба масъулин дастурҳои мушаххас ироа гардид.

Ситоди мазкур баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус бо сохторҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастрас намудани маводи иттилоотӣ ҳамкории судманд анҷом дода истодааст.

Ичунин дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО, сомонаҳои иҷтимоии соҳавӣ васеъ ба роҳ монда шуда, оид ба ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳар 10 рӯз ба роҳбари Ситод маълумот пешниҳод карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Сарвари давлат дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат шомил мебошанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 30 январи  соли равон вазъи сирояти коронавирусро дар ҷаҳон  расман  «ҳолати фавқулода» эълон намуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 4, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон