Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Ба овозаҳои беасос бовар накунед! Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд»

Март 5, 2020 13:16

ДУШАНБЕ, 05.03.2020./АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо асос надоранд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд.

Масъалаи таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,  вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ доранд.

Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

Соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо инчунин зикр карданд, ки «овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз Чин ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд».

Март 5, 2020 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон