Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ: ба ҳолати то 10 март 436 нафар дар карантин қарор доранд

Март 12, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1  феврал то 10 марти соли равон 1583 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 1147 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 436 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

То имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ дар ҷумҳурӣ пурзӯр карда мешаванд.

Бино ба маълумоти расмӣ, айни замон сирояти коронавирус дар 114 давлати олам ба  қайд гирифта шудааст. Ин вазъият мутахассисони тоҷик, аз ҷумла масъулони ҳама вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро водор месозад, ки чораҳои қатъиро нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва боз ҳам пурзӯр намоянд.

Ҳарчанд, ки то имрӯз дар ин  самт чораҳои мушаххас-қатъи парвозҳои ҳавоӣ ба 6 кишвари осебпазир аз сирояти вируси мазкур, пурзӯр намудани корҳои назоратӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавӣ, манъи намозҳои дастаҷамъонаи панҷвақта ва намози ҷумъа, ба истиснои намози ҷаноза ва дигар тадбирҳои андешидашуда рӯйи кор гирифта шудаанд, бо вуҷуди ин дар сатҳи ҳар як вазорату идораҳои мамлакат бояд нақшаҳои мушаххаси чораҳои пешгирӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шаванд.

Дар ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор ситоди корӣ ва байниидоравӣ  фаъолият менамояд.

 

 

Март 12, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон