ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Туркия ва АМА омада буданд, муайян ва барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд

Март 20, 2020 19:05

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /НИАТ «Ховар»/. Шахсияти 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 14-15 март тавассути хатсайрҳои Истамбул – Тошканд ва Шарҷа-Тошканд аз Ҷумҳурии Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омада буданд, муайян гардида, барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахсияти шаҳрвандони мамлакатро, ки 14-15 март тавассути хатсайри №274 Истамбул – Тошканд (16 нафар) ва 14 март тавассути хатсайри № НУ 332 Шарҷа-Тошканд (1 нафар) ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фуруд омада, баъдан тавассути гузаргоҳи сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян намуда, онҳоро барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои ҳудуди вилояти Суғд ҷойгир кард», — омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Март 20, 2020 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд