«ЯКЕ АЗ РИСОЛАТҲОИ НАВРӮЗ ТАҲКИМИ РОБИТАИ БАЙНИ ҚАВМУ МИЛЛАТҲО ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲОСТ». Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода роҷеъ ба суннатҳои ин иди бостонӣ
ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун буда, дар шароити кунунӣ муҳимтарин суннату таомулҳои писандидаи наврӯзӣ, аз қабили бахшидани гуноҳҳо, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, пошидани донаи умед ба замин ва баргузор кардани мусобиқаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз эҳё гардида, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил меёбад.
Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода 20 март зимни баргузории ҷамъомади идонаи наврӯзӣ дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баён дошт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷамъомад вакилони мардумӣ ва кормандани дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор иштирок намуданд.
Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки дар арафаи ин ҷашни саид, ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум бо иштироки бевоситаи Роҳбарияти олии мамлакат баргузор шуда, ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолият оғоз намуданд.
Мавсуф аз он ёдовар шуд, ки Наврӯз маҳз бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сол муқаддам мақоми байналмилалӣ гирифт.
«Дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи Модар, мулоқоти Сарвари давлат бо зиёиёни мамлакат ва вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳукми анъана даромадаанд», — изҳор намуд ӯ.
Толеи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки,- афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон, баҳори бистунуҳумини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол менамоянд.
Воқеан, ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод.
Мавсуф дар робита ба суннатҳои неки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз аз он ёдовар шуд, ки ҳадафу ормонҳои волои созандаи халқи мо, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ– 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангии комил доранд.
“Дар ин раванд,- гуфт ӯ, — Маҷлиси намояндагон бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад”.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек сабаби таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои миллиамонро бо маром идома диҳем.
«Албатта, мо вакилон азму иродаи қавӣ дорем, ки солҳои наздиктарин тавассути такмилу мукаммалсозии қонунгузории соҳа истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро комилан таъмин намоем, Тоҷикистони азизамонро ба давлати транзитӣ табдил дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат саҳми босазо гузорем ва ба рафти саноатикунонии ҷумҳурӣ, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, суръат бахшем», — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Маҳмадтоҳир Зокирзода бо итминон зикр намуд, ки ҳар як сокини мамлакат барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳад дошт ва вакилон низ дар дар ин ҷода бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ташаббусҳои қонунгузориву қонунэҷодкуниро тақвият мебахшанд.










Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






