«Сомон эйр» ташаббуси «25 ба 2025»-ро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иқдоми «25 ба 2025», ки аз ҷониби Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) ташкил шудааст, ҳамроҳ гардид. Маъракаи «25 ба 2025» моҳи сентябри соли 2019 оғоз ёфт. Мақсади асосии гузаронидани иқдом – пешбурди гуногунии гендерӣ дар соҳаи авиатсия мебошад.
Амалӣ намудани иқдоми мазкур ба зиёд шудани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ё дигар вазифаҳо ба ҳадди 25 фоиз нисбат ба нишондиҳандаҳои имрӯза ё то ҳадди ақали 25 фоизи намояндагии занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда то соли 2025 мусоидат менамояд. Қадамҳои аввалин дар татбиқи барномаи мазкур моҳи майи соли 2020 дар форуми махсуси ИАТА, ки дар Париж гузаронида мешавад, баррасӣ мегарданд. Тибқи омори расмӣ, айни ҳол танҳо 8 фоизи ҳавонавардон дар ҷаҳон занон мебошанд, шумораи заноне, ки вазифаи директори генералиро дар соҳаи авиатсия ишғол менамоянд, 3 фоизро ташкил медиҳад.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам муҳимияти иштирок дар иқдоми «25 ба 2025»-ро тавзеҳ дода, мегӯяд, ки «баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа беҳтарин иқдом мебошад. Ташаббуси мазкур андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша ба иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии мамлакат аҳамияти хосса зоҳир менамоянд, инъикос мекунад. Муайянсозии мақом ва нақши зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замони муосир аст. Занон дар фаъолияти худ дар бисёр мавридҳо ба монеаи ноаён, ба қавле «шифти шишагӣ» (glass ceiling) бармехӯранд, ки расидан ба қуллаи муваффақиятро мушкил мегардонад. Ва дарвоқеъ, монеаи асосӣ- ин муносибати атрофиён мебошад. Айни замон пешбарии занон бояд ҳамчун як воситаи рушди устувори ҷомеа қабул карда шавад».








Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






