COVID-19: ИМА аз рӯи шумораи мубталоён аз Чин пеш гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон беш аз ним миллион нафар гардид

Март 27, 2020 08:47

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати субҳи 27 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 аз 500 ҳазор нафар гузашта, ҳоло  532 224 касро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон беш аз 24 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, 124 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 85 594 нафарро ташкил медиҳад.

Чин дар ҷои дуюм қарор дошта, дар он то имрӯз 81 340 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 80 589 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 8 215 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 57 786, Германия — 43 938, Эрон — 29 406, Франсия — 29 155, Швейтсария — 11 811, Британияи Кабир — 11 658 ва Кореяи Ҷанубӣ — 9 332 ба қайд гирифта шудааст.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз DW

Март 27, 2020 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон