COVID-19: ИМА аз рӯи шумораи мубталоён аз Чин пеш гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон беш аз ним миллион нафар гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати субҳи 27 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 аз 500 ҳазор нафар гузашта, ҳоло 532 224 касро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон беш аз 24 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, 124 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 85 594 нафарро ташкил медиҳад.
Чин дар ҷои дуюм қарор дошта, дар он то имрӯз 81 340 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 80 589 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 8 215 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 57 786, Германия — 43 938, Эрон — 29 406, Франсия — 29 155, Швейтсария — 11 811, Британияи Кабир — 11 658 ва Кореяи Ҷанубӣ — 9 332 ба қайд гирифта шудааст.
СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.
АКС аз DW








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






