Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо котиби якуми Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Котиби якуми Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Стефано Элеро иброз намуд, ки лоиҳаҳо дар самти курси такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбӣ ва банақшагирии таълим, маблағгузорӣ ва мониторинг татбиқ мегардад. Ин нуктаро ӯ 13 март зимни мулоқот бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баён дошт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин мулоқот Стефано Элеро миннатдории худро ҷиҳати пазироии олӣ ва ҳамкории дуҷониба баён дошт. Номбурда гуфт, ки дар доираи барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар вазорат бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбиқ мегардад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории судманди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзорасида ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм буда, аз ҷониби он якчанд лоиҳаҳои грантӣ дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ татбиқ шуда истодаанд.








Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид






