Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил карданд

Март 20, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз табиату инсонро ба ҳам пайванд медиҳад ва маҳз дар ҳамин ҷашн инсонҳо кинаву адоватро аз қалбҳояшон берун карда, шодию хурсандӣ мекунанд. Бо зинда шудани табиат дар баҳорон Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ фаро мерасад. Наврӯзи хуҷастапай даҳ сол пеш, 19 марти соли 2010 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.

Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ», ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, баён шуд.

Дар  ин маҳфил донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур хони густурдаи ҳафтсину ҳафтшин ва анъанаҳои неки наврӯзиро пешниходи иштирокдорон намуданд.

Тавре муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи мазкур  Муҳиддин Абдураҳмонов иброз намуд, ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва дорои арзишу сифатҳои нек мебошад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар таҳияи рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат, ки аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста шуда, мардуми мо ба он арҷ мегузоранд, ба назар гирифта шудаанд.

Суннатҳои ҷашни Наврӯз  омили хубе дар муаррифӣ ва ҳифзу нигоҳдории таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, дар ташаккули  худшиносии миллии ҷомеа, махсусан насли наврас мусоидат менамоянд.

Март 20, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид