Сокинони ноҳияи Сино Наврӯзи байналмилалиро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Март 21, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ- фароғатии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар барномаи мазкур сокинону меҳмонони ноҳия дар фазои озоду ороми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯҳияи баланди наврӯзӣ иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ин ҷашнгоҳ иттилоъ медиҳад, ки иштирокчиёни барномаи идонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синои пойтахт шодбош гуфта, аз таърихи таҷлили ин иди аҷдодии тоҷикон  ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва  ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷашни Наврӯз бо тамоми арзишҳои суннатию инсонияш эҳё гардид, ки ин орзую армони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд.

Соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ба мероси башарии фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ дохил карда шуд. 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз бо тамоми арзишҳояш эҳё гардида, мақоми байналмилалиро гирифт ва ҷаҳонӣ шуд. Иди мазкур бо пешниҳоди якчанд мамлакатҳои ҳавзаи Наврӯз, ки дар садри он Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ манзур гардид.

27 марти соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Теҳрон чунин баён доштанд: «Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст»

Оид ба ҷашни аҷдодиву таъърихӣ будани Наврӯз аз устод Рӯдакӣ сар карда, то Фирдавсию Унсурӣ, Манучеҳрию  Фаррухӣ ва дигар шоирони давраҳои Сомониёну Ғазнавиён ва ҳатто дар давраи Салҷуқиёну дигар подшоҳони турктабор дар қасидаҳояшон  сухан гуфтаанд. Ҳатто ин ҷашн то ибтидои асри 20 давлатию дарборӣ низ будааст.

Дар «Ёддошҳо»-и Садриддин Айнӣ  гуфта мешавад, ки «Амири Бухоро бисёр ҳавасманд буд, то чунин ҷашн барпо кунад. Он ҳафтаҳо давом мекард, паҳлавонон аз атроф меомаданд, бозиҳои гӯштингирӣ, мусобиқоти давидан, пойга ва хурӯсҷангу монанди инҳо барпо мекарданд».

Ёдовар мешавем, ки дастаи сарояндагони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо суруду таронаҳои дилнишини наврӯзӣ хотири иштирокдорони базми наврӯзиро болида намуданд.

Март 21, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид