ИНТИХОБОТ-2020. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ эълон мегардад
ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 2 марти соли 2020 пас аз нисфирӯзӣ дар брифинг, ки дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, эълон карда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.
«Интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00 шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 236 мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи САҲА, Комиссияи интихоботии дигар давлатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва 4910 мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад», – зикр кард Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.
Номбурда илова намуд, ки баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва Комиссияи участкавӣ ба ҳисоби овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамояд. Натиҷаи ин ҷамъбаст бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда мешавад ва ба ҳавзаҳои якмандатии интихоботии дахлдор пешниҳод мегардад.
Бино ба маълумоти Раиси КМИР, дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4%, то соати 12:00 дар миқёси ҷумҳурӣ 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % ва то соати 15:00 3 млн 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд ва интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргашта эълон шуд.
АКС аз бойгонӣ








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






