ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст

Март 26, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 26 март, соати 09:44  дақиқа  бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 220 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 км аз шаҳраки  Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон   воқеъ буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гузориши институти зилзиласанҷии кишвар, қувваи зилзила дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хуҷанд 3 баллро ташкил дод.

Заминларза дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос шуд. То кунун даҳҳо нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз такони замин дар пойтахт ва навоҳии атрофи он навиштанд.

Бар асари  ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ  ба қайд гирифта нашудааст.

Март 26, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд