ЗАН ҲАМЧУН МОДАР, ҚАҲРАМОН, СУХАНВАР… Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи «Бонувони барҷастаи Тоҷикистон» дидан намуд

Март 7, 2020 11:03

 ДУШАНБЕ, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таърих  гувоҳ  аст,  ки  зан ҳамчун  модар,  қаҳрамон, суханвар ва ҳамчун бунёдкор  дар ҷодаи  зиндагӣ барои  башарият хизматҳои  бузург  кардааст. Симои зани  диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.

Дар арафаи Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТ аз Осохонаи «Бонувони барҷастаи Тоҷикистон» дидан намуда, ба чунин хулоса расид.

Имрӯз барои нигоҳ доштани хотираи занони қаҳрамони миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шудааст.

Осорхонаи «Бонувони барҷастаи Тоҷикистон»-и ба номи Муқаддара Рустамова таҷассумгари ҳамин гуфтаҳост. Зеро ин  Осорхона инъикосгари қаҳрамонии зан – модари тоҷик дар майдонҳои набард, сиёсат ва фарҳанг  буда, як  туҳфаи пурқимат ба занону модарон  маҳсуб мешавад.

Муқаддара Рустамова собиқ ҷонишини Вазири фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ мебошад. Осорхона ба он хотир ба номи Муқаддара Рустамова гузошта шудааст, ки ӯ   баъди ба нафақа баромадан ҳам фаъолияти кориашро давом дода, дар бунёди  он саҳми намоён гузоштааст.  Замони  дар нафақа будан  ӯ ба шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳои мамлакат сафар карда, дар бораи занони фаъоли ҷумҳурӣ, ки миёни мардум  машҳур буданд, маълумот ҷамъоварӣ намуда, пешниҳоди Осорхона намудааст.

Имрӯз барои шумо дар бораи чанде аз қаҳрамонбонувони мамлакат, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи мазкур нигоҳ дошта шудаанд, маълумот медиҳем:

Аввалин зан дар соҳаи саноат

Мунаввара Қосимова 2 феврали соли 1914 дар шаҳри Конибодом дар оилаи дуредгар таваллуд ёфта, баъди маълумоти миёнаи нопурра гирифтан солҳои 1928-1931 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Самарқанд таҳсил намудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1931 дар мактаби зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ба сиёсат майлу рағбат дошт. Ин маҳорату тавоноияшро ба эътибор гирифта, баъдан  ӯро ба вазифаҳои масъули ҳизбию ҳукуматӣ пешбарӣ намуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои пас аз он  Мунаввара Қосимова дар тарбияи меҳнатӣ, ватанпарварӣ ва маънавии занони Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ба масъалаҳои тарбия, дастгирӣ ва ба корҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани бонувон аҳамияти ҷиддӣ медод. Дониши аъло ва фаъолияти чандинсолаи мавсуфро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи вазири саноати сабуки Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Инчунин бо  ташаббуси ин бонуи ҷасур, кордон, серғайрат ва серталаб аввалин бор дар ҷумҳуриамон истеҳсоли равғани геран ба роҳ монда шуд.

Мунаввара Қосимова ҳамчун ходими намоёни давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии занони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.  Моҳи марти соли 1958 дар пойтахти давлати Италия — шаҳри Рим Конгресси умумиҷаҳонии занон баргузор гардид. Мунаввара Қосимова ҳамчун иштироккунандаи ин ҳамоиши бузург дар мавзӯи «Нақши занон дар пойдор намудани сулҳу амонӣ дар ҷаҳон» суханронӣ кардааст. Ӯ дар маърӯзааш, аз ҷумла гуфтааст: «Занон баҳри пойдории сулҳ, ҳуқуқи занон ва хушбахтии кӯдакон, муттаҳидшавии халқҳо ҳиссаи сазовори худро мегузоранд. Занони Тоҷикистон ҳам барои пойдор гаштани сулҳу амонӣ дар рӯи замин мубориза мебаранд».

Хизматҳои чандинсолаву бенуқсони Мунаввара Қосимоваро ба назар гирифта, ӯро бо 1 ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», 3 ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва чандин ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадрдонӣ кардаанд. Таърих корномаи чунин шахсиятҳои маъруфро зинда медорад ва талқин месозад, ки онро омӯзему ибрат гирем ва дастури амал қарор диҳем. Хидматҳои шоёни Мунаввара Қосимова барин занони номдор ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд ва ёди он кас дар дилу дидаи ҳамватанон, дӯстон, шогирдон ва хешу таборон абадан боқӣ хоҳад монд!

Аввалин маликаи ҳусн

Доктори илмҳои биологӣ, профессор Лола Исмоиловаро ҳамчун аввалин маликаи ҳусн мешиносанд.

Аввалин маротиба дар нимаҳои садаи бистум, акси ӯ дар шумораи 50-уми  маҷаллаи «Огонёк» моҳи декабри соли 1949 нашр гардид. Пас аз нашри сураташ Лола Исмоилова ба яке аз машҳуртарин тоҷикони Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Вай ба дунболи нашри сураташ дар муқоваи пурхонандатарин маҷаллаи мардуми шӯравӣ амалан «Маликаи зебоӣ»-и СССР унвон гирифт.  Пас аз чаҳор моҳи нашри маҷалла, 16 апрели соли 1950 дар шаҳри Гурзуфи Қрим ҳайкали Лола Исмоилова ҳамчун тимсоли зебоии зан гузошта шуд.

Ин пайкараро Петр Миргородский офарид, ки дар номааш ба Лола навишта буд: «Ман дар ҷустуҷӯи симои зани кӯҳистон будам. Ин олиҳаи кӯҳсор ба малика Тамара, ки Лермонтов тасвир кардааст, монанд набуд. На Лермонтов ва на Пушкин зебоии қаҳрамонҳои афсона ва асотири худро тасвир накардаанд, зеро касеро надоштанд, ки аз рӯйи ӯ ин симоро офаранд. Зебоӣ танҳо як хаёли норӯшан буд. Ман ҳам то соли 1949 дар ҳамин ҳолат будам. Ҳоло ки ҳусни маликаи ях Солвейгро дар шеъри худ тасвир мекунам, чизе аз худ набофтаам, балки симои ӯро аз рӯйи акси духтари воқеии кӯҳистонӣ, бо чеҳраи олӣ ва пурғуруру пурмаънӣ, бо чашмони доно ва андешаманд ба қалам додам. Пас, чаро ман аз ӯ барои он ки вуҷуд дорад, сипосгузор набошам».

Тавре Лола дар яке аз мусоҳибаҳояш бо «Азия-Плюс» ба ёд овардааст, дар охири солҳои 1940 вай донишҷӯи риштаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Моҳи октябри соли 1949, ҳангоме ки журналистони зиёд аз Маскав ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омада буданд, ӯ розӣ шуд, то як суратгири рус ӯро бо либоси миллӣ аккоcӣ кунад. Лола шояд ин воқеаро фаромӯш мекард, агар баъд аз чанде ба хонааш халта-халта мактуб нaмеомад ва одамон дар кӯча ӯро намешинохтанд.

Оҳангсози машҳур Алберт Гординский дар номааш ҳадс задааст, ки ба шуниди ӯ, Лола зеботарин духтари Тоҷикистон нест, балки аз ӯ зеботарҳо низ ҳастанд ва бояд ба ин кишвар сафар кунад, то зебоии зиндаро бо чашмони худ бубинад. Нависанда ва аккос Петр Пилшиков менависад, ба хотири Лола бо адабиёти бузурге ошно шудаву Хайём ва Фирдавсиро шинохтааст ва агар ин зебосанам  ба шаҳри ӯ, яъне Ленинград биёяд, номи шаҳрро ба Лолаград табдил хоҳад кард.

Аввалин зани сиёсатмадор

Низорамоҳ Зарифова чун сиёсатмадор, ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи фарҳанг имрӯз ҳам аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ӯ донишу таҷриба ва умри гаронмояашро сарфи хидмати ин миллат ва ободониву пешрафти мамлакат намуд. Ҷасорат ва маҳорати кордонияш имрӯз низ бо як муҳаббату самимият ёд мешавад. Муносибату муошираташро барои бисёр занону роҳравони роҳи мушкилу дарози сиёсат дарси ибрат донистанду арзандаи пайравист.

Дар суҳбатҳо аз андаки онҳо ёдовар мешуд. Тасаввур ва ҳам пеши назар овардани онҳо ҳатто мушкил мебошад. Пиёда, зери барфу борон ва аксар вақт гурусна ба деҳаҳо, ба назди мардум мерафт. Онҳоро гӯш мекард ва ҳамзамон масъалаҳои мураккабашонро чун мутахассиси варзидаву шахси ба онҳо бисёр наздик баррасӣ ва ҳал менамуд.

Нафаре буд, ки  ба дарди дили модарони фарзандгумкардаву ҳалокгардида дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  таскин мебахшид.

Имрӯз барои бонувон ва модарони тоҷик дар ин мамлакати тинҷу ором ва дар фазои сулҳу оромӣ буданро неъмати беҳамто мешуморад.

Ӯ мегӯяд, ки  даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба даврони бас мушкили мамлакат рост омад. Дар он рӯзгор, ки шуълаи ҷанги шаҳрвандиро ба ҳар лаҳза бештар аз пештар меафрӯхтанд, зимоми  давлатдорӣ ва раҳнамунии миллатро касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда  нагирифт.

Ӯ сулҳро пойдору устувор гардонад. Миллату давлат туфайли  роҳбарияш дар дунё шуҳрат касб кард ва аз маҳбубияти хос бархӯрдор шуд.

Аввалин раққосаи машҳури  тоҷик

 Зебо Аминзода,  раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС 3 октябри 1948 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Москва дар назди Театри калони ИҶШС буда, Мактаби олии рақсу хореографияи Тошканд ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм намудааст.

Солҳои 1965 -1978 — ҳунарпешаи Театри мусиқиву драмаи ба номи А. Пушкин, солҳои 1978 – 1993- роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии «Зебо»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон: Афғонистон, Булғория, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Япония, Испания, Ҳиндустон ва ғайра ҳунармандӣ кардааст. Ансамбли мазкур барандаи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбари он унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС-ро касб кардааст

Соли 2012 дар Хуҷанд мактаби рақсии худро таъсис дод. Соли 2014 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе омад.

Аввалин зане, ки вазири тандурустӣ шуд

Гулнора Пулотова аввалин вазири тандурустии Тоҷикиистон  аст. Ӯ 8 марти соли 1936 дар шаҳри Душанбе (Сталинобод) ба дунё омадааст. Гулнора Пулодова фарзанди Ҳунарманди халқии ИҶШС, коргардон Комил Ёрматов  ва  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон , ҳунарпешаи театр ва кино София Туйбоева мебошад.

Гулнора соли 1960 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, пас аз ду сол ба бахши аспирантураи Донишкадаи ба номи Бурденко дохил мешавад.

Моҳи феврали соли 1985 Г.Пулотова вазири тандурустии Тоҷикистони Советӣ таъйин мешавад. Таъйини ӯ ба ин вазифа дар Вазорати тандурустии ИҶШС каме ногаҳонӣ ва аҷиб буд, чун пештар ин вазифаро фақат мардон бар дӯш доштанд. Ҳамин тавр Пулотова дар он солҳо дар ҳудуди ИҶШС ягона зани вазир буд.

Аввалин зани меъмор

Ҳамро Тоҳирова 22 августи соли 1912 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд   дар оилаи коргар чашм ба дунё кушод. Вай фаъолияти меҳнатиашро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуд. Ӯ аввалин бинокорзани Тоҷикистон гардида, солҳои 1936 — 1940 саркор, сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон шуда кор кардааст. Номбурда  иштироккунандаи анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоот буд.

Дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занони Комитети Марказӣ, мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти Комитети Марказӣ, Котиби комитети марказии Шурои Олии Тоҷикистон, вазири сохтмони шаҳру деҳот, вазири сохтмон, вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат, раиси Кумитаи давлатии нақшакашии ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси шӯрои хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Осиёи Миёна, ҷонишини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон шуда фаъолият намудааст. Аз соли 1968 то соли 1974 дар вазифаи раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ифои вазифа карда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ саҳми калон гузошт.

Ҳамро Тоҳирова дар бунёди Театри давлати драмавии опера ва балети ба номи адриддин Айнӣ   иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар ҳамон солҳо барои Тоҷикистон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд. Маркази бузурги фарҳангӣ дар меҳвари хиёбони ҷумҳуриявӣ ва академик Раҷабовҳо бунёд гардид.

Ҳамро Тоҳирова – ягона бинокорзани тоҷик ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъин гардид. Дар ин давра як қатор биноҳо- Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд.

Ҳамро Тоҳирова аз соли 1937 то соли 1957 аъзои Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Мавсуф  соли 1974 ба нафақа баромада,  фаъолияти ҷамъиятиашро дар Иттифоқи меъморони Тоҷикистон қатъ накарда, дар ҳамаи анҷуманҳо, пленумҳо ва машваратҳои меъморони ҷумҳурӣ ва ИҶШС иштирок менамуд.

Аввалин зане, ки  вазири маориф таъйин гардид

Уғулой Шамсиддинова аввалин зани тоҷик аст, ки солҳои шӯравӣ вазири маориф шуда кор кардааст. Ӯ ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, курсҳои муаллимтайёркунии Самарқандро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии Шамсиддинова ба ҳайси мудири клуби занони шаҳри Хуҷанд оғоз ёфтааст. Ҳамчунин ба ҳайси директори  Донишгоҳи олии омӯзгории Хуҷанд, минбаъд дар кори ҳизбӣ ва шӯравӣ адои вазифа намудааст. Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи У.Шамсиддинова гузошта шудааст. Номбурда вакили анҷумани IV шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон буда, бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Март 7, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент