«Зан олиҳаи меҳр»-таҳти ин унвон дар Кумитаи занон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан олиҳаи меҳр» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони кумитаи мазкур, занони фаъоли вазорату идораҳо, собиқадорони меҳнат ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки «Зан –Модар туҳфаи беҳтарин ва боарзиштарин барои ҳар фарди ҷомеа буда, оғуши ӯ биҳиштосову вуҷуди ӯ шариф, ҷасораташ нотакрору суханаш садоқатангез аст».
Ба андешаи собиқадори меҳнат Бозгул Додхудоева, «занҳои тоҷикро қаҳрамон ҳисобидан мумкин аст, зеро тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум давраи ҳассосро пушти сар карда буд. Он замон занҳои тоҷик тавонистанд бо садоқатмандию ҷасорат худро чун ёридиҳандагони Пешвои миллат нишон дода, барои таъмини сулҳу оромии давлати хеш саҳми арзанда гузоранд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойгоҳе расидааст, ки ҳамаи сокинонаш бо он ифтихор мекунанд».
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бонувону модарони мамлакат бо қадамҳои устувори хеш ҳам дар арсаи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ба як зумра дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар охири ҳамоиш иштирокунандагон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






