ЗАНОН ДАР ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ ИҶТИМОӢ САҲМИ АРЗАНДА ДОРАНД. Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар, ки дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 8 март дар саросари мамлакат таҷлил мегардад, дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо иштироки роҳбарият ва кормандони он маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Зимни маҷлис директори Агентӣ Саидалӣ Сиддиқ бонувон ва дар симои онҳо аҳли пайвандонашонро табрику таҳният гуфта, дар бораи мақому манзалати Зан – Модар дар ҷомеаи Тоҷикистон сухан гуфт.
Мавсуф зимни суханронии худ аз дастовардҳои занону духтарон, ки имрӯзҳо бо ташаббусу иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тогҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар арсаҳои мухталиф фаъолияти пурсамар доранд, ёдовар шуда, саҳми арзандаи занону модаронро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ зикр намуд.
Ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамудаашро дар васфи занону модарон қироат намуд.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба бонувони Агентӣ туҳфаҳо тақдим гардиданд.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






