«ЗИ КӮИ ЁР МЕОЯД НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ…». Дар ин рӯзи умед барои мардумони замин некбахтиҳо насиб мегарданд, мегӯяд профессор Ҳамза Камол

Март 21, 2020 09:19

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз замоне, ки аҷдоди мо худро шинохт, ду ҷашн барояш муҳим буд: яке иди офариниш дар аввалҳои фасли поиз ё тирамоҳ-Меҳргон ва дигар-иди растохезе, ки дар оғози баҳор баргузор мешавад, яъне Наврӯз. Мардум ақида доштанд, ки сарнавишти инсон ва ҷаҳон дар соле, ки дар пеш аст, дар Наврӯз таъйин мешавад. Дар ин рӯз некбахтиҳо барои мардумони замин тақсим мегарданд ва аз ин рӯ ин рӯзро ниёгони мо рӯзи умед низ номидаанд. Ин матлабро доктори илми таърих, профессор Ҳамза КАМОЛ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намудааст. Дар зер андешаҳои ин олими тоҷикро манзури хонандагон мегардонем:

-Наврӯз дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ (21 март), нахустин моҳи гоҳшумории хуршедӣ, ки рӯзи аввали он Ҳурмузд ном дорад, дар эътидоли баҳорӣ дар пояи санҷидатарин андозагирии ахтаршиносӣ ва гоҳшуморӣ дар ҷаҳон фаро мерасад.

Пеш аз фарорасии Наврӯз дар поёни сол  маросиме  бо номи Сурӣ, ки чашни оташ низ ҳаст, гирифта мешуд. Сурӣ ба маънии сурх аст. Оташ равшан кардан ба маънии ёрӣ расонидан ба расидани гармо ва ҷиҳати рахт бастани сармо маънӣ мешудааст.

Аз ҷашни Наврӯз дар Авасто зикре намеравад, зеро Наврӯз як иди миллӣ маҳсуб мешавад ва Авасто як китоби динист ва ҷашнҳои хоси худашро дорад. Баъд аз гузашти замон саранҷом дини зардуштӣ ҳам ҷашни Меҳргонро, ки дар оғоз як иди миллӣ будааст ва ҳам Наврӯзро мепазирад.

Дар гузаштаҳо ин ҷашн як моҳ ба дарозо мекашид ва имрӯз дар мамлакатҳои ҳамзабон то рӯзи сенздаҳ дунбол мешавад.

Рӯзи нахусти фарвардинмоҳ Наврӯзо Омма ё Наврӯзи хурд ё сағир хонда мешуд. Панҷ  рӯзи аввали фарвардин ҷашни Наврӯз гунаи ҳамагонӣ дошта ва рӯзи шашуми фарвардинмоҳ, ки Хурдодрӯз будааст, Наврӯзи Бузург фаро мерасидааст. Ин рӯз дар аҳди Сосониён аз нақши хосе бархӯрдор будааст. Баъд аз пазириши ислом Наврӯзи Бузург аз байн рафт.

Дар гузаштаҳо расме буд дар айёми иди Наврӯз барои хушҳолии умумӣ фардеро аз миёни мардум ба унвони мири Наврӯз интихоб мекарданд ва барои якчанд рӯз зимоми корҳоро ба уҳдаи ӯ месупориданд. Пас аз гузашти айёми ҷашн салтанати ӯ низ ба поён мерасид ва возеҳ буд, ки ҷуз ханда ва хушҳолӣ манзури дигаре дар байн набуд. Дар аҳди Ҳофизи Шерозӣ ин расм мавҷуд будааст:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Чу гул гар хӯрдае дорӣ, худро сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ…
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Яке аз ойинҳои дигаре, ки пеш аз Наврӯз тадорук медиданд, ин парвардани сабза буд. Бино ба ривоятҳо, 25 рӯз пеш аз иди Наврӯз навъе аз донаи гандум, ҷав, биринҷ, лубиё, арзан, нахуд, мош ва ғайраро дар кӯзаҳои махсус мекоштанд ва хубию камбуди ҳосили ғаллагиҳоро дар соле, ки дар пеш буд, аз чигунагии сабзиши ин донаҳо пешбинӣ мекарданд.

Дар Наврӯз ва Меҳргон расм буд, ки бузургон ва фармонравоён ва ашроф ва мардум- ҳар яке ба тавоноии худ ҳадяҳое ба дарбор мебурданд Мардум ба ҳамдигар ширинӣ ҳадя мекарданд ва ин расм дар даврони Сосониён ҳамагонӣ шуда буд. Дар Наврӯзи Бузург пеш аз лаб ба сухан кушудан, шакар мехӯрданд, то дар тӯли сол зиндагиашон ширин гузарад.

Расми кӯзашиканӣ бинобар ин эътиқод буд, ки зарфҳои сафолини ҳар хонавода боистӣ дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз нав гардад ва дар ин рӯз ҳарчи косаю кӯзаи кӯҳна ва фарсуда дар хона бошад, аз бом фурӯ афканда, онҳоро мешикастанд ва ба ҷои онҳо коса ва кӯзаҳои нав ба кор мебурданд ва бо ин ойин ба беҳдошти хона таваҷҷуҳ мекарданд.

Ниёкони мо ба ин андеша буданд, ки дар айёми Наврӯз рӯҳи гузаштагон аз ҷойгоҳи осмонии худ ба замин, ба хонаҳои хешовандони худ боз мегардад. Бозмондагон барои хушии ҳарчи бештари рӯҳи гузаштагони худ хони наврӯзӣ бо ҳафт ғизои оғози ҳарфи ҳар калимааш бо шин шурӯъ шуда меоростанд: Шаҳду ширу шаробу шакару шамъу шамшоду шоя (мева).

Интихоби рақами ҳафт ба далели муқаддас будани он аст, мисли ҳафт кавокиб, ҳафт табақа, ҳафт осмон, ҳафт пушт ва ғайра.

Ба далели боварҳои исломӣ сирко ҷои шароби нобро гирифт ва ҳафт шин ба ҳафт син табдил шуда: Сир, себ, сабза, санҷид, сирко, сунбул, сипанд.

Аммо назари дигарест, ки ба ҳақиқати суннати наврӯзӣ наздик аст. Дар ойинҳои наврӯзӣ барои чидани хони наврӯзӣ аз зарфҳои мунаққаши бисёр нафисе, ки аз Чин оварда шуда буд, истифода мекарданд ва онҳоро ба адади ҳафт амшоспанд (фаришта) (Баҳманамшоспанд, Шаҳриварамшоспанд, Сипандурмузамшоспанд, Хурдодамшоспанд, Урдубиҳиштамшоспанд ва Мурдодамшоспанд ҳамроҳ бо Аҳурамаздо) бар сари хонҳои наврӯзӣ мегузоштанд ва аз ин рӯ хони наврӯзӣ бо номи ҳафт чинӣ ё ҳафт қоб ном гирифта буд ва баъдҳо ба сурати ҳафт шин даромада аст.

Дар манбаъҳои таърихӣ зикре аз берун шудан аз хонаҳо ва ба саҳро рафтан дар рӯзи сенздаҳуми фарвардин нашудааст. Эҳтимол хидмати он ба пояи Наврӯз мерасад. Тибқи гоҳшумориҳои бостон, рӯзи сенздаҳуми моҳи фарвардин марбут ба эзиди тир (Тиштар) буда, ки он эзиди борон аст. Ориёиён қабл аз густариши дини зардуштӣ, дар рӯзи сенздаҳуми ин моҳ ба дашту саҳро мебаромаданд, дар канори чашма ва рӯдҳо дар нимарӯз гӯсфандҳо бирён мекарданд ва он нисоре буд ба фариштаи борон, то ки дар набард бо хушксолӣ ғалаба кунад ва киштҳоро бо об шодоб намояд.

Бунёди ин ҷашнро ба Ҷамшеди Пешдодӣ робита медиҳанд, ки дар дарозои таърих бо номи ҷашни Наврӯзи Ҷамшедӣ низ маъруф будааст.

Гарчи иттилои дақиқе аз Наврӯзи давраи Каёниён дар даст нест, аммо дар ин ки ойинҳои ин ҷашн дар рӯзгори онон риоя мешудааст, тардиде нест.

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Ориён,
Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хоб.

Дар аҳди Ҳахоманишиён (солҳои ҳукумат 700-675–330 пеш аз милод) Наврӯз бо шукӯҳи хосе барпо мешуд. Дар замони Ҳахоманишиён шоҳ Наврӯзро дар Тахти Ҷамшед барпо медошт. Ҳама чиз дар тахти Ҷамшед барои бузургдошти ин ҷашн бино шуда буд. Пеш аз анҷоми ташрифоти Наврӯз бузургони шоҳаншаҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва ҳазорон чодар мезаданд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед 23 халқи пайрави шоҳаншоҳӣ ва дарбориён бо ҳамроҳи аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбозон дида мешаванд.

Рӯзи аввал бори ом, яъне пазироии мардум буд, дувумин рӯз баландпоятарин касон, аз шумори деҳқонон (ашрофон) ва аъзои хонадони онҳоро мепазируфт, рӯзи сеюм мубадон пазируфта мешуданд, рӯзи ҷаҳорум хонаводаи худ ва наздикони хешро қабул мекард ва рӯзи панҷум фарзандон ва коргузорони худро мепазируфт ва ба ҳар кадоме, ки рутбаи баландтареро шоиста буд, арзонӣ медошт ва рӯзи шашум шоҳ Наврӯзро барои худ дар хилват ҷашн мегирифт.

Он тавре ки аз катибаҳои даврони Ҳахоманишӣ бармеояд, замони оғози соли нав вақти мушаххас ва дақиқе надошта, балки тағйир меёфтааст. Бино ба ахбори ин катибаҳо, дар сартосари даврони Ҳаҳоманишӣ замони оғози соли нав аз 21 исфандмоҳ (12 март) то 9 урдубиҳишт (29 апрел) дар гардиш будааст.

Аз ахбори сангнавиштаҳои Дориюши бузурги Ҳахоманишӣ (солҳои подшоҳӣ 521-486 пеш аз милод) дар Бесутун маълум мешавад, ки соли нав дар ин аҳд дар фасли тирамоҳ ё поиз оғоз мешуд ва ҷашни Меҳргон ҷашни иди аввали сол буд. Дар охири фармонравоии Дориюши бузург тақвими хуршедиро пазируфтанд ва бар тибқи он сол ба дувоздаҳ моҳи сирӯзӣ ва ба изофаи панҷ рӯзи изофӣ (онро панҷи дуздида низ мегуфтанд) тақсим мешуд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мегардид. Ин сол аз ойини митроии куҳан гирифта шуда буд ва ба соли дини зардуштӣ мубаддал гашт.

Наврӯз дар замони Дориюши бузург дар Миср роиҷ гардид ва инчунин бархе усули гоҳшумории мисриёнро Ҳахоманишиён иқтибос карданд.

Бо шинохти таърихи дудмони Ашконӣ (солҳои подшоҳӣ 250 пеш аз милод – 226 мелодӣ) ва бо пайдо кардани осори бостонии аҳди Ашконӣ, мисли сафолнавиштаҳо дар харобаҳои шаҳри Нисо (18 км шимолу ғарбии Ашқобод) маълум гардид, ки Наврӯз дар даврони шоҳаншоҳии онон бештар аз ҷониби мардум ҷашн гирифта мешудааст. Бояд гуфт, ки пас аз замони ҳукумати селевкиҳо, ҳарчанд, ки Ашкониён аз ақвоми ориёӣ ва зардуштимазҳаб буданд, вале тасаллути 80-солаи юнониён дар онҳо асар карда ва дар хусуси одобу русуми аҷдодӣ бетараф буданд. Аммо дар охири давраи ҳукмронии 486 солаи онҳо, дубора ба суннату анъаноти аҷдоди хеш баргаштан дар онҳо қувват гирифт.

Дар тамоми даврони Сосониён (солҳои подшоҳӣ 226-651) Наврӯз чун ҷашни миллӣ ба шумор мерафтааст. Ба ҳамин ҷиҳат ҳатто мардуме, ки пайрави ойини зардуштӣ набуданд, мисли оромиён, арманиён, гурҷиён, аммо дар ҳавзаи ҳукумати Сосониён зиндагӣ доштанд, низ дар он ширкат доштанд. Мисли замони Ҳахоманишиён дар ин аҳд низ панҷ рӯзи аввали фарвардин ҷашни Наврӯз гунаи ҳамагонӣ доштааст ва онро Наврӯзи Омма ва ё Наврӯзи Кучак номидаанд. Наврӯзи Бузург ё Хурдодрӯз, ки шашумин рӯзи фарвардинмоҳ аст, назди Сосониён бисёр муҳим буд. Ба ин рӯз бисёр ҳодисаҳоро иртибот медиҳанд, мисли зода шудани Зардушт ва ба пайғамбарӣ баргузидани ӯ вағ. Дар тақвимҳои суғдӣ ва хоразмӣ рӯзи таваллуди Сиёвуш рӯзи шашуми фарвардинмоҳ аст ва бо ин сол оғоз мешуд.

Дар ойини наврӯзии Сосониён адади ҳафт аҳамият доштааст. Сосониён дар Наврӯз ҳафт донаро бар ҳафт сутун мекоштанд ё ноне мепухтанд аз ҳафт ғаллаи мухталиф.

Таваҷҷуҳе, ки Наврӯз дар замони Сосониён аз он бархӯрдор буд, дар мусиқии онҳо низ инъикос шудааст. Дар миёни оҳангҳои даврони Сосонӣ, номҳои Наврӯз, Сози Наврӯз, Наврӯзи Бузург ва Наврӯзи Қубод хеле маъруфанд.

Баъд аз густариши ислом дар сарзамини Хуросону Варорӯд  ҷалоли ҷашни Наврӯз коста мешавад. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ба ҳангоми тавсифи ҷуғрофиёии деҳи Варахша, ки дар наздикии Бухорост, менависад, ки дар ин деҳ ҳар 15 рӯз бозор доир мешавад. Ва чун бозори охир бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва рӯзи 21 Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд.

Март 21, 2020 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд