12 АПРЕЛ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ АВИАТСИЯ ВА КАЙҲОННАВАРДӢ. Башарият аз тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳон чӣ манфиат мебинад?

Апрель 12, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 12.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1961 инҷониб 12 апрел ҳамчун санаи муҳим дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.  59 сол муқаддам  дар ин рӯз кайҳонаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зад ва ба  давраи кайҳоннавардии таърихи башар оғоз ниҳод.      

Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7 апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии СММ, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон баргузор гардид, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон гардид. Маҳз аз ҳамон вақт сар карда,  омӯзиши кайҳон  оғоз шуд, ки аз натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи башарият истифода мебаранд. Дар ин  робита  хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА   ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Имрӯз вазъият дар фазои кайҳонӣ  чӣ  гуна аст ва  башарият аз тадқиқот ва истифодабарии он чӣ манфиат мебинад?

Гулчеҳра ҚОҲИРОВА: Имрӯз тараққиёти илму техникаи муосир бо суръати зиёд пеш меравад. Ин рушдро бе омӯхтан ва истифодабарии  кайҳон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷараёнҳои мазкур бо мақсадҳои осоишта ва сулҳҷуёна ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин  манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳон бо мақсади баланд бардоштани тамаддуни башарӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Омӯзиши кайҳон боиси таҳқиқи кадом равандҳо шуд ва дар натиҷаи он чӣ гуна моддаҳо ва усулҳову технологияҳо ба даст оварда шудаанд?

Гулчеҳра ҚОҲИРОВА: Таърихи омӯзиши фазои кайҳон барои имрӯзу фардо масъалаҳои хеле муҳимро ба  майдон овард.  Мо имрӯз кашфиётҳои ҷолиб ва бузурге дорем, ки маҳз ба омӯзиши кайҳон вобастаанд. Бе парвози моҳвораҳо ва қадами аввалини инсон ба фазои кайҳон зиндагии имрӯзаро тассавур кардан ғайриимкон аст. Аз воқеаҳои таърихии сар додани моҳвораи якумин соли 1957 ва аввалин парвози инсон ба кайҳон  соли 1961 омӯзиши кайҳон фаъол гардида, ба марҳилаҳои нав расид.

Дар натиҷаи ин равандҳо башарият маводи хеле тоза, моддаҳои биологӣ ва тиббии нав, усулҳову технологияҳои нав ба даст овард, ки  дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии инсоният фаровон истифода бурда мешаванд. Озмоишгоҳҳо тавассути радифҳо таҷрибаҳо мегузаронанд, ки дар шароити Замин  ғайриимкон ҳастанд. Дар натиҷа, равандҳои зиёди нави биологӣ, физикӣ  ва химиявӣ  тадқиқот шуда, доруҳо ва моддаҳои нав, технологияҳо ва усулҳои инноватсионӣ  ба даст оварда шудаанд, ки татбиқи онҳо барои фаъолият ва инкишофи ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз ҷомеаи башарият натиҷаҳои омӯзиши кайҳонро чӣ  гуна истифода мебарад?

Гулчеҳра ҚОҲИРОВА: Шабакаи тамоси ҷаҳонии Интернет, шабакаҳои телевизионӣ  ва воситаҳои алоқаи мобилӣ  ба туфайли аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне сар додани   радифҳо ба ин фазо, аз натиҷаи омӯзиши кайҳон пайдо шудаанд. Омӯзиши холати обу ҳаво ва пешгӯии он, харитасозии сатҳи Замин ва муайян кардани координатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок ва ғайра. Ҳамаи ин далелҳои амалӣ  натиҷаҳои бомуваффақияти омӯзиши кайҳон мебошанд.  Истифодаи моҳвораҳои махсуси фазои кайҳонӣ барои як зумра вазоратҳову мақомот низ хеле зарур мебошанд. Алалхусус, барои пешгӯӣ ва назорати ходисаҳои фавқулода, аз ҷумла тармафароӣ, селҳо, сӯхторҳо ва ғайраҳо саҳми омӯзиш ва истифодабарии фазои кайҳонӣ беназир аст.  Мониторинги заминҷунбиҳо бо воситаи моҳвораҳои кайҳонӣ  ва коркарди усулҳову аломатҳои пешгӯии заминҷунбӣ  бе кайҳон ғайриимкон мебошад.

АМИТ «Ховар»: Айни замон  дар Институти астрофизика аз рӯи кадом самтҳо тадқиқот бурда мешавад?

Гулчеҳра ҚОҲИРОВА: Мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадқиқот ва  истифодабарии фазои кайҳонӣ  бо мақсадҳои осоишта мебошад.

Дар айни замон, дар Институт тадқиқотҳо аз рӯи ин самт идома доранд. Махсусан, бо телескопи якметраи Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» мушоҳидаҳои радифҳо ва пораҳои онҳо бо истифодаи асбоби рақамӣ, ки коркарди фаврии маълумотҳои мушоҳидавиро таъмин менамояд, гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои фаврӣ  барои назорат ва идоракунии дастгоҳҳои кайҳонӣ  ва масъалаҳои экологияи фазои кайҳонии наздизаминӣ  заруранд. Натиҷаҳои омӯзиши кайҳон дар Институти астрофизика ба талабот ва стандартҳои созмони ҷаҳонӣ  мувофиқ мебошанд ва ба махзани маълумотҳои ҷирмҳои кайҳонӣ  ворид гардидаанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дастоврадҳои мо дар соҳаи кайҳон аз тарафи олимони ҷаҳон истифода бурда мешаванд. Аз рӯи натичаҳо як қатор мақолаҳо дар маҷалаҳои илмии ҷумхуриявӣ  ва байналмилалӣ нашр гардидаанд.

Апрель 12, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»