150 нафар наваскарон аз майдони Қалъаи Ҳисор ба сафи Артиши миллӣ рафтанд

Апрель 4, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 04.04.2020/АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар майдони Қалъаи Ҳисор маросими шаҳрии гусели 150 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, падару модарони наваскарон ва ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳр ба 150 нафар наваскароне, ки ихтиёран барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуданд, хизмати содиқонаро  дар сафи Артиши миллӣ  ва ҳифзи марзу буми мамлакат таманно намуд.

«Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як  ҷавонмард шараф ва қарзи инсонӣ буда, аз наваскарон қавиродагӣ, чусту чолокӣ, ҳушёрӣ, далерию шуҷоат, дӯст  доштани Ватан ва чун гавҳараки чашм ҳифз намудани обу хоки сарзаминамонро тақозо менамояд»,-гуфт раиси шаҳри Ҳисор.

Маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Ҳисор бо барномаи рангини аҳли ҳунари шаҳр, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона буд, ба анҷом расид.

Апрель 4, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид