8 нафар вирусологи тоҷик барои ташхиси дақиқи коронавирус дар шаҳри Москва аз омӯзиш гузаштанд

Апрель 7, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи махсуси бехатарии сатҳи баланд мавҷуд буда, бо пешниҳоди Созмони  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 8 нафар вирусолог барои дақиқ ташхис кардани коронавирус дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз омӯзиш гузаронида шуданд.

Тавре аз Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз  барои муқовимат бо коронавирус тамоми захираҳо мавҷудбуда, қариб 4,5-5 ҳазор катҳои иловагӣ омода карда шудаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани коронавирус  беморон пурра ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Ҳоло озмоишгоҳҳои мамлакат барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Айни замон дар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 ҳазор тестҳои оҷилӣ барои  муайян намудани коронавирус мавҷуд буда, қариб  3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуданд, ки хушбахтона,  ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромад. Аз ин шумора барои муқоиса кардан 22 ташхис ба  шаҳри Лондон ва 9  ташхиси   дигар ба шаҳри Москва равон карда шуданд ва натиҷаи онҳо низ  манфӣ баромад.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии сирояти коронавирус тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба  ҷумҳурӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба  гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд.

Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст, ки  ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Тамоми шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам дар тамос шуда, ба саволҳои худ посухи дақиқ гиранд. Ҳамзамон аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти расмии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар ва бо такя ба он матолиб ба нашр расонанд. Чунки  дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ сабаби ба таҳлука афтодани мардум шуда метавонанд.

Апрель 7, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон