8 нафар вирусологи тоҷик барои ташхиси дақиқи коронавирус дар шаҳри Москва аз омӯзиш гузаштанд
ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи махсуси бехатарии сатҳи баланд мавҷуд буда, бо пешниҳоди Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 8 нафар вирусолог барои дақиқ ташхис кардани коронавирус дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз омӯзиш гузаронида шуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз барои муқовимат бо коронавирус тамоми захираҳо мавҷудбуда, қариб 4,5-5 ҳазор катҳои иловагӣ омода карда шудаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани коронавирус беморон пурра ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Ҳоло озмоишгоҳҳои мамлакат барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Айни замон дар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 ҳазор тестҳои оҷилӣ барои муайян намудани коронавирус мавҷуд буда, қариб 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуданд, ки хушбахтона, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромад. Аз ин шумора барои муқоиса кардан 22 ташхис ба шаҳри Лондон ва 9 ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуданд ва натиҷаи онҳо низ манфӣ баромад.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии сирояти коронавирус тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд.
Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Тамоми шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам дар тамос шуда, ба саволҳои худ посухи дақиқ гиранд. Ҳамзамон аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти расмии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар ва бо такя ба он матолиб ба нашр расонанд. Чунки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ сабаби ба таҳлука афтодани мардум шуда метавонанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






