Ҳабси 5 нафар ҷавонон ба муҳлати 15 шабонарӯз барои майдаавбошӣ
ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда як сокини шаҳри Душанбе навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ирсол ва дархост намуд, то нисбат ба нафарони қонуншикан тадбирҳои таъсирасонии қонунӣ андешида шаванд.
Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки 5 апрел як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнам», воқеъ дар кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе якдигарро дашномҳои қабеҳ дода, муноқиша намудаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, бо содир намудани ин кирдори зиддиҷамъиятиашон нисбат ба шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар натиҷаи пешбурди маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони зерин боздошт гардиданд:
Комрони Шодмон, соли таваллудаш 3 марти соли 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров, хонаи 33;
Назриев Комил Абдулазизович, соли таваллудаш 12 апрели соли 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати Сафар Амиршоев, деҳаи Мирапок;
Юсуфов Алиҷон Исуфович, соли таваллудаш 11 январи соли 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати Х. Раҷабов, деҳаи Дарнайчӣ;
Муродов Сафар Мирзохонович, соли таваллудаш 30 майи соли 1975, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати С. Амиршоев, деҳаи Гултеппа;
Қурбонов Умедҷон Тошболтаевич, соли таваллудаш 03 феврали соли 1985, истиқоматкунанади ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 4;
Зимни пурсиш маълум гардид, ки дар ҳақиқат номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Инчунин бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) банду баст ва нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол гардид.
Суди ноҳиявӣ 8 апрел ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ таъйин намуд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






