Агентии обуҳавошиносӣ: Ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то нимаи имрӯз боқӣ мемонад

Апрель 9, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Воридшавии ҳавои намноки атлантикӣ ва анбӯҳи ҳавои сард ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самти аврупоии Россия ба воситаи қаламрави Қафқоз сабаби номусоид гардидани  ҳаво шуда, дар ҷумҳурӣ борон ва барфи бошиддат борид. Ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то нимаи имрӯз боқӣ монда, баъдан қатъ гардидани бориш дар назар аст»,- гуфт муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат  Парвина Саидҷамолова.

Рӯзи 9 апрел дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Файзобод-Нуробод-Тавилдара,  нишебиҳои қаторкӯҳҳои Вахш, ҳавзаи дарёи Ёхсӯ-Қизилсӯ, ҳавзаи дарёи Обиминоби ноҳияи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Зарафшон эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои сели дорои қувваи харобиовар дар назар аст.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришавандаи Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои номбурда, пагоҳ, 10 апрел дар мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.

Инчунин шаби 9-ум  ба 10 апрел баъд аз қатъ шудани бориш софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, то -2 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ то ба 7-12 ва 10-15  дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.

10 апрел ҳаво рӯзона гарм шуда, аз  11 то 13 апрел  боз ворид шудани  ҳавои намнок ва  номусоидии он пешгӯӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ — доманакӯҳҳо  боридани борон ва барф дар назар аст.

Апрель 9, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид