Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2020 16:22

ДУШАНБЕ, 17.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар асоси моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 2-и Дастури ҷаласаҳои якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат раисӣ мекунанд, ҷаласа таҳти раисии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шуда буданд, иштирок доштанд.

Ҷаласаи якҷоя баъд аз ташкили Котиботи ҷаласа, интихоби Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва муқаррар кардани тартиби инъикоси кори ҷаласа рӯзномаи худро иборат аз 15 масъала тасдиқ намуд.

Сипас, масъалаҳои рӯзнома:

Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокирзода М. З.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шоҳмурод Р.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Тағойзода С. С.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Н.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Орумбекзода Ш. Ш.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Н. С.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатторӣ И.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Исматуллозода Ш. И.”
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ашуриён М.Қ.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҷабборзода Г.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Завқизода З. А.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Давлатзода З.Д.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Имомзода М. С.”,
Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Салимзода А. Ф.”- баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Апрель 17, 2020 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад