«Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» — аксияҳои ҳизбиён дар вилояти Хатлон

Апрель 18, 2020 10:12

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!», «Тарзи ҳаёти солимро пеш мегирем!», «Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст!» ва ҳоказо дар бозорҳо, муассисаҳои таълимӣ, муассисаву корхонаҳо ва кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо аксияҳои ҳизбӣ гузаронида шуда, ҳамзамон дар деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби коршиносони варзидаи соҳаи тандурустӣ бо усули «хона ба хона» вохӯриву суҳбатҳо идома доранд. Зимни мулоқот ба сокинон нишонаҳои пайдоиши бемории сироятии коронавирус, роҳҳои пешгирии он, риояи дурусти гигиенаи шахсӣ, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар маъракаҳо ва ҷойҳои серодам фаҳмонида мешавад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо фаъолсозии сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 як зумра тадбирҳои муассир роҳандозӣ намуда, дар маҷмӯъ то кунун дар ҳудуди вилоят беш аз 35 ҳазору 135 суҳбату мулоқот доир гардида, зиёда аз 65 ҳазору 692 нафар бо иттилои  алоқаманд фаро гирифта шуданд.

Бо таъкид ба иҷрои ҳатмии нишондодҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ки дар варақаҳои иттилоотӣ ба таври мушаххас ва фаҳмо дарҷ шудаанд, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 5 ҳазор нусха чунин маводи ранга ва аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 43 ҳазор адад миёни роҳгузарон, кормандони сохторҳои гуногун, толибилмону донишҷӯён ва мардуми хонанишин тақсим карда шуданд. Бобати анҷоми саривақтии ин иқдом саҳми ихтиёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан» назаррас аст.

Тадбирҳои дигари оммафаҳмонӣ тавассути сомонаи расмии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон (www.hkhdtkhatlon.tj) гурӯҳу саҳифаҳои он ва аз кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ» дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба қадри зарурӣ татбиқ гардида истодаанд. Шумораи умумии чунин маводи иттилоотию тавсиявии интернетӣ аз аввали шурӯи иқдомоти марбут ба пешгирии коронавирус ба 330 адад расидааст.

Дар ҳар шумораи нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон – «Ҳамрози халқ» бо истифода аз андешаю маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду-се матлаби журналистӣ ба табъ мерасанд.

 

Апрель 18, 2020 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд