Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ театри замонавӣ ба истифода дода мешавад

Апрель 8, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони театри замонавӣ идома дошта, соли оянда ба истифода дода мешавад.  Ин нуктаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода 7 апрел зимни мулоқот бо кормандони фарҳанги вилоят баён дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази  матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони садҳо иншооти соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла муассисаҳои фарҳангӣ  идома дорад.

«Зикр гардид ки халқи тоҷик мардуми фарҳангдӯсту тамаддунофар буда, ин анъана то ба имрӯз нигоҳ дошта шуд. Маҳз бо дастгирии Хукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳанг рушд ёфта, дар ин замина саҳми фарҳангчиён, аз ҷумла аҳли ҳунару санъати вилоят назаррас мебошад», — афзуд Зулфия Давлатзода.

Мавсуф афзуд, ки ҳар як шахси ватандӯст аз ҷумла, корманди фарҳанг бояд дар самти нигоҳ доштану пешбурди ин маданияти воло саҳмгузор бошад. «Зеро меҳмонону сайёҳон мардуми ин сарзаминро маҳз бо тамаддун ва фарҳанги пурғановаташон мешиносанд ва ба он ҳамеша баҳои баланд медиҳанд»,- гуфт номбурда.

Иштирокдорони вохӯрӣ аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти мамлакат оид ба эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистион — Ватани азизи ман» ёдовар шуда, онро намунаи олии таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба соҳа ва ҷалби ҷавонон ба китобхониву ватандӯстӣ арзёбӣ намуданд.

Апрель 8, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид