Ба нафақагирон аз оғози сол беш аз 5,2 миллион сомонӣ пардохт шудааст
ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози сол дар ҷумҳурӣ ба нафақагирон 5,2 миллион сомонӣ маблағ пардохт гардидааст. Тибқи хабари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, теъдоди умумии нафақагирон дар мамлакат ба ҳолати 1 апрели соли равон беш аз 715 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 918 нафар ё 3,3 фоиз ва нисбат ба 1 январи соли 2020 4 ҳазору 207 нафар ё 0,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон тибқи хабари сарчашма, дар ин муддат ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 687,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 миллион сомонӣ ё 5,7 фоиз зиёд аст. Қисми хароҷотии буҷет 672,6 миллион сомониро ташкил намуд. Барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилот аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 661,6 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Инчунин дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа бо мақсади такмили низоми таъминоти нафақа лоиҳаи панҷ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат ба вазорату идораҳои марбута барои мувофиқа пешниҳод гардида, лоиҳаи се қонун ва ду қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






