Ба пиндошти Скворсова, ваксинаи БСЖ ба ҷараёни COVID-19 таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаи зидди сил (БСЖ) метавонад дар мубориза бо сирояти коронавирус нақши муайян иҷро намояд, гуфт роҳбари Агентии федералии тиббӣ-биологии Россия (АФТБ), собиқ сарвазири тандурустии ин кишвар Вероника Скворсова. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.
«Дар шарҳу тафсирҳои байналмилалӣ алҳол ин мавзӯъ ба таври васеъ муҳокима мешавад, ҳамзамон фарқият он ҷо ҳам аз ҷиҳати сироят ва ҳам аз ҷиҳати фавт дар натиҷаи коронавирус на ду баробар, балки даҳ маротиба зиёд аст. Ва тахминҳо дар бобати алоқаманд сохтани онҳо низ бисёранд. Шояд ин аҳамияти муайяне дошта бошад, вале ман фикр мекунам, ки ҳоло мо усулҳои навсозии низоми масуниятро муҳокима нахоҳем кард, ҳарчанд он то андозае таъсиррасон буда метавонад»,- гуфт Скворсова дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия 24», вақте ба суол дар бораи эми БСЖ дар маҳви сирояти коронавирус сухан меронд.
Ӯ бобати гуфтугузорҳои гуногун дар ҷомеа мисол оварда гуфт, ки мегӯянд дар кишварҳое, ба мисли Италия ва Голландия аз сабаби ба роҳ намондани эмкунӣ вазъияти сироят бо коронавирус вазнинтар аст. Скворсова тасдиқ намуд, ки ин хабар дурӯғ набуда, метавонад асоси илмӣ дошта бошад.
Қаблан вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко иброз намуда буд, ки агар маълумот дар бораи он ки аҳолии бо БСЖ эмшуда метавонад коронавирусро сабуктар гузаронад, тасдиқ шавад, пас Россия дорои як зумра бартарият хоҳад буд.
Вероника Скворсова ҳамчунин авҷгирии коронавирусро дар Россия пешгӯӣ намуд. «Гирифторшавӣ ба коронавирус дар Россия метавонад баъд аз даҳ- чордаҳ рӯз ба авҷи аъло расад»,- гуфт роҳбари Агентии федаралии тиббӣ–биологӣ Вероника Скворсова дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия 24».
Тавре қаблан доктори илмҳои биологӣ, профессори Мактаби биологияи муназзами ИМА Анча Баранова ба «РИА Новости» иброз дошта буд, авҷи аъло маънои онро дорад, ки ҳар рӯзи минбаъда теъдоди тақрибан якхелаи беморони нав зиёд мешавад. Гирифторӣ ба беморӣ як муддат авҷ мегирад ва сипас сироят рӯ ба камшавӣ меорад.
Ёдрас мешавем, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 11 март хурӯҷи коронавируси COVID-19–ро пандемия эълон намуд. Мутобиқи маълумоти охирин дар ҷаҳон тақрибан 1,28 миллион ҳолати сироят тасдиқ гашта, зиёда аз 72 ҳазор нафар фавтидаанд.
АКСИ «РИА Новости»








Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст






