Бадахшон: Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ доир гардид

Апрель 15, 2020 15:47

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки ҷавонон- намояндагони шаҳру ноҳияҳо Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонони вилоят дар самти тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷавонон зимни баҳамоӣ бори дигар аз иншооти азими вилоят, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидаанд, дидан намуданд.

Ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи сафар ҳамчунин аз қисмҳои низомӣ дидан намуда, зимни вохӯриҳо бори дигар садоқати худро ба Модар- Ватан баён намуданд.

Дар доираи Фестивали мазкур дар толори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» Форуми ҷавонон баргузор гардид. Дар он иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои гуногун дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва хизмати бошарафона ба давлати худ  сухан гуфтанд. Ҳамзамон иштирокчиёни Фестивал аз ҷойҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш ва имкониятҳои сайёҳӣ дидан намуданд.

Фестивали мазкур дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021 баргузор карда шуд.

Апрель 15, 2020 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд