Билл Гейтс пурра ба охир расидани пандемияро пешгӯӣ кард

Апрель 28, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Инсоният танҳо пас аз пайдо шудани ваксинаҳои зидди коронавирус метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Ин ҳолат на кам аз як ё ду сол баъд рух хоҳад дод, гуфт миллиардери амрикоӣ, таъсисдиҳандаи “Microsoft” Билл Гейтс дар мусоҳиба бо нашрияи “Le Figaro ”.

«Ваксина хеле муҳим аст, зеро эҳтимол мо танҳо ҳамин тавр ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардем» -гуфт Гейтс.

«Ин амал на кам аз як ё ду сол баъд анҷом нахоҳад ёфт»,- илова кард соҳибкор. Ба гуфтаи вай, чунин имконият имконпазир аст, агар як система таҳия шавад, то хатари дубора паҳн шудани эпидемияро бартараф кунад.

Гейтс зикр кард, ки усулҳои озмоишӣ ва пайгирӣ аллакай ба кишварҳо имконият медиҳанд сарчашмаи бемориро зуд пайдо кунанд ва онро таҳти назорат гиранд. Бо вуҷуди ин, пас аз пандемия ба ҳаёти одӣ ва муқаррарӣ баргаштан осон нахоҳад буд, зеро одамон ҳатто пас аз бардоштани маҳдудиятҳо низ аз сироят шудан метарсанд.

27 апрел духтур Александр Мясников гуфт, ки инсоният назар ба бемории коронавирус боз ба эпидемияи ҷиддитаре дучор хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, дафъаи оянда сатҳи фавт тақрибан 35 фоизро ташкил хоҳад дод.

Апрель 28, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон