Бонки ҷаҳонӣ барои пешбурди корҳои барқарорсозии ёдгориҳои фарҳангии вилояти Хатлон 4,5 миллион доллар пешбинӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ барои пешбурди корҳои барқарорсозӣ ва беҳбуд бахшидан ба иншооти Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, «Чилучорчашма»-и ноҳияи Носири Хусрав ва таҳияи коркарди нақшаҳои тиҷоратӣ 4,5 миллион доллар сармоягузорӣ пешбинӣ намудааст. Инчунин дар доираи лоиҳа грантҳои хурд барои рушди тиҷорати хусусӣ дар самтҳои такмили сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, тарабхонаҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди ин ҷудо карда мешаванд. Ин нуктаро 8 апрел Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ Андреа Далл Олио зимни суҳбати мустақими интернетӣ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, муовини роҳбари лоиҳа Талайбек Кошматов аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон (дар алоқа), мутахассисон Татяна Сегал ва Юн Фан аз Вашингтон (дар алоқа) ва мушовирони дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алишер Исоев, Наврӯза Алиқулова аз Душанбе (дар алоқа) баён намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин лоиҳа ба ҷудо намудани грантҳои хурд барои дастгирии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, шир ва ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ гардонидани мавзеъҳои «Чилучорчашма», Хоҷа Машҳад ва қалъаи Ҳулбук ҳамчун объектҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки дар сурати татбиқ гардидани лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» Бонки ҷаҳонӣ дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатисозии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод шудаанд, саҳми намоён мегузорад.
«Мо омодаем, ки бо Бонки ҷаҳонӣ ва лоиҳаҳои бо маблағҳои ин бонк амалишаванда ҳамкории доимӣ ва манфиатбахш дошта бошем. Амалишавии «Рушди иқтисодиёти деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд»,-иброз намуд Қурбон Ҳакимзода.
Ҳамчунин ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, инчунин вусъат додани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бонки ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд






